«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ғолиб омаданд, қадрдонӣ шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, ба ғолибон мукофотҳои моддӣ супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 15-17 апрел дар Донишгоҳи техникӣ аз рӯйи ҳафт номинатсия баргузор шуд. Дар он зиёда аз 350 донишҷӯю унвонҷӯ ва омӯзгор иштирок намуда, 48 нафар ба даври ноҳиявии озмун роҳхат гирифт.
Бояд гуфт, ки донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» иштирок намуда, аз рӯйи номинатсияҳои эстрада, санъати тасвирӣ ва дизайн сазовори чор ҷои дуюм ва ду ҷои сеюм гардиданд. Ғолибон бо диплому сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сарфароз шуда, соҳиби роҳхат ба даври шаҳрии озмун гардиданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






