Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Тоҷикистони муосир ва давлатдории навин
ДУШАНБЕ, 02.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Китоби доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова «Пешвои миллат ва 34 соли сулҳ, ваҳдат ва рушди Тоҷикистон», ки соли 2025 ба чоп расидааст, ба таҳлили амиқи фаъолияти бисёрҷабҳаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Муаллиф кӯшиш намудааст нишон диҳад, ки чӣ гуна як шахсияти таърихӣ тавонист давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба давлати муътабар ва мутамаддини ҷаҳонӣ табдил диҳад.
Ҳадафи асосии ин монография пешниҳоди манбаи муътамади илмӣ барои наслҳои оянда ва ҷавонон мебошад. Муаллиф таъкид менамояд, ки таҷрибаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва хиради сиёсӣ аст.
Асар собит месозад, ки маҳз ирода ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки Тоҷикистон аз парокандагӣ наҷот ёфта, ба марҳалаи рушди устувор ворид шавад. Ин китоб на танҳо барои муҳаққиқону донишҷӯён, балки барои ҳар фарди худогоҳ ва ватандӯст ҳамчун китоби рӯимизӣ, зиёда аз ин, дастури маънавӣ ва таърихӣ хизмат мекунад.
Боби аввал, ки «Роҳи таърихии сулҳ ва ваҳдат» номгузорӣ шудааст, давраи ҳассостарини таърихи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1992–1997)–ро дар бар гирифта, нақши калидии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нишон медиҳад.
Дар оғози солҳои 90-ум Тоҷикистон дар вартаи парокандагӣ ва нестшавӣ қарор дошт; иқтисоди фалаҷшуда, зиёда аз 150 ҳазор кушта ва миллионҳо нафар шаҳрвандони гуреза. Дар чунин шароити яъсу навмедӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 1992 роҳбарии давлатро ба даст гирифт ва бо шиори «Ман ба шумо сулҳ меорам» фаъолияти худро оғоз намуд.
Яке аз нуктаҳои муҳиму омӯзандаи ин боби китоб тасвири сафарҳои хатарноки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои даргир (Афғонистон, Бадахшон, Кӯлоб, Ғарм, Файзобод ва ғайра) мебошад. Муаллиф таъкид мекунад, ки «Пешвои миллат бо хотири наҷот додани халқи тоҷик аз парокандагӣ ва нобудӣ мустақиман бо мардум ва ҳатто фармондеҳони мухолифин мулоқот мекард. Ин иқдомҳо боиси шикастани девори нобоварӣ ва зинда шудани умеди сулҳ дар қалби халқи Тоҷик ва мардуми Тоҷикистон гардиданд.
Паёмҳои сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Тоҷикистонро «хонаи муштарак, зиёда аз он, хонаи умеди ҳамаи халқҳои Тоҷикистон» мехонд, заминаи равонию руҳиро барои якдигарфаҳмӣ ва оштии миллӣ омода сохт».
Татбиқи муваффақонаи Созишномаи сулҳ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар муаррифӣ кард ва роҳро барои сиёсати «Дарҳои боз» кушода намуд. «Модели сулҳи тоҷикон» собит сохт, ки ҳатто муракабтарин ва амиқтарин низоъҳоро метавон тавассути муколама, гузаштҳои дуҷониба ва зери роҳбарии мардони оқилу хирадманд ва доно ҳал намуд. Ин марҳала на танҳо сулҳро пойдор сохт, балки эътимоди мардумро ба давлат барқарор намуда, пойдевори Ҷумҳурии Тоҷикистони муосирро гузошт.
Хулосаи боби «Сулҳофар» бозгӯи он аст, ки сулҳ ҳамчун омили эҳё ва рушди давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, наҷот додани давлат аз вартаи ҳалокат ва нестӣ, то эҳёи сохтори давлатӣ, наҷоти генофонди миллат ва ваҳдати ҳудудӣ, ҳокимияти қонунӣ ва ислоҳоти конститутсионӣ, таъсиси низоми ягонаи амниятӣ, дипломатияи сулҳ ва ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арса ва низоми ҷаҳонӣ мебошад.
Дар боби дуюми китоб «Тоҷикпарвар» таҳлили амиқи раванди эҳёи забони давлатии тоҷикӣ ва таърихи миллӣ ҳамчун рукнҳои асосии давлатдории муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил ва баррасӣ шудааст.
Эҳёи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва таърихи халқи тоҷик ҳамчун пойдевори худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандӣ воситаи асосии Ваҳдати миллӣ, мутаҳидият, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ (1991) ва хотимаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1997) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зарурати таърихии эҳёи арзишҳои маънавӣ рӯбарӯ шуд. Ҷанг на танҳо зерсохторҳои моддӣ, балки сохтори ҳувияти миллӣ ва мақоми забони модариро низ заиф карда буд.
Дар ин марҳалаи ҳассос Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забон давлатӣ ва таърихи халқи тоҷикро ҳамчун ду шоҳсутуни асосии нигаҳдорандаи давлат ва миллат муайян намуданд.
Забони тоҷикӣ—рамзи ҳастии миллат аст. Забони тоҷикӣ, ки дар давраи шуравӣ таҳти фишори идеологӣ ва бартарӣ додан ба забони русӣ қарор дошт, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мақоми сиёсии худро пайдо кард. Оҳиста-оҳиста ба забони илм ва сиёсат тадбил дода шуд.
Дар ин давра иқдоми зиёд дар самти қонунгузорӣ амалӣ карда шуд. Такмили «Қонуни забони давлатӣ» ва назорати қатъии иҷрои он дар тамоми зинаҳои идоракунӣ ва таълим забони тоҷикиро аз доираи маишӣ ва рӯзмарра ба сатҳи давлатӣ ва сиёсӣ баровард.
Дар самти пайдоиш ва ташаккули маърифати забонӣ низ иқдоми беназир ба роҳ монда шуд. Таҳияи барномаҳои миллии таълим ва нашри китобҳои дарсӣ ба забони модарӣ саводнокии миллии насли ҷавонро таъмин намуд ва ниҳоят боло бурд.
Яке аз бузургтарин дастовардҳои замони истиқлолият- ин садо додани забони тоҷикӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки ин падида эътирофи ҷаҳонии забони моро ҳамчун забони дипломатия, илм ва сиёсат дар тамаддуни муосир собит сохт.
Таърихи халқи тоҷик дар ин давра ба яке аз омил ва манбаъҳои асосии худшиносии милӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил гардид. Эҳёи таърихи халқи тоҷик барои рафъи парокандагии идеологӣ ва сарҷамъ намудани миллати тоҷик хидмати нотакрор ва барҷаста кардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҷуъ ба факту далелҳои таърихӣ намуда, давраи Сомониёнро ҳамчун «Асри тиллоӣ» ва намунаи давлатдории мутамаддин эҳё кард. Таҷлили ҷашнҳои бузург, аз ҷумла 1100–солагии давлати Сомониён, 2700–солагии Кӯлоб, 2500–солагии шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва 5500–солагии шари Саразм ва даҳҳо дигар санаҳои таърихии шаҳрҳои бузурги қадимаи тоҷикон, ҳувият ва худшиносии таърихии халқи Тоҷикистонро зинда намуд.
Нашри осори бузурги гузаштагонамон бедории миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва аз як гиребон сар баровардани тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ба вуҷуд овард. Ташаббуси нашри китоби «Таърихи халқи тоҷик» ва дастрас намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва шоҳасари сатҳи байналмилалӣ–«Шоҳнома»-и безаволи «Фирдавсӣ» ба ҳар хонадон мардумро аз меросбарони тамаддуни бузург буданашон огоҳ сохт.
Барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла эҳёи шаҳрҳои бостонӣ ва ёдгориҳои таърихии Панҷакент, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор ва ғайраҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба маркази тамаддуни ориёӣ табдил дод.
Эҳёи фарҳанг ва санъати миллии тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва имзои Созишномаи сулҳ (1997) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳалаи нави эҳёи маънавӣ ворид шуд. Фарҳанг ҳамчун «ҳастии миллат» ва воситаи муҳимми таҳкими Ваҳдати миллӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи марказиро ишғол намуд.
Эҳёи анъана ва ҷашнҳои миллӣ бо ифтихори бузурги ватандорӣ ба роҳ монда шуд. Дар давраи собиқ шуравӣ ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бисёре аз суннатҳои куҳанбунёди мо маҳдуд ё фаромӯш шуда буданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати бузурги сиёсӣ ҷашнҳои миллиро дубора эҳё карданд, ки Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ин ҷашнҳо мақоми давлатӣ пайдо карда, ҳамчун рамзи пайванди наслҳо ва ваҳдати ҷомеа таҷлил мешаванд ва хусусияти хоси созандагӣ доранд. Наврӯз аз як ҷашни мардумӣ ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун меҳвари тамаддуни ориёӣ муаррифӣ намуд.
Боби дигари ин китоб «Ваҳдати миллӣ ҳамчун стратегияи наҷоти миллат ва эҳёи давлатдории миллӣ» аст. Ин боб собит месозад, ки Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон, беш аз он барои Тоҷикистон, на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки ягона роҳи наҷоти миллат аз нестшавӣ ва парокандагӣ буд. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд ҳамчун меъмори сулҳ ва муттаҳидкунандаи неруҳои ҳамаи минтақаҳои давлат ҷилвагар мешавад.
Мероси ваҳдатсоз ва ваҳдатгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кафолати рушди устувори Тоҷикистон буда, ҳамчун дарси бузурги худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандӣ, барои наслҳои оянда хидмат мекунад. Ин марҳала исбот кард, ки миллати тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳо метавонад дар атрофи роҳбар–фарзанди оқилу хирадманд, ҷасуру тавоно, родмарди ҳаёти сиёсии ҷомеъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, аз вартаи нестӣ ба сӯйи шукуфоӣ гом бардорад.
Ин марҳалаи таърихӣ заминаи «давлатдории муосир ва миллати огоҳ»–ро гузошт, ки имрӯз дар шароити амнияти комил ба сӯйи оянда гом мезанад. Мероси маърифатии ин давра барои наслҳои оянда ҳамчун кафолати ҳифзи Ваҳдати миллӣ, оромии сиёсӣ ва бақои Истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонад.
Сиёсати «Дарҳои боз» раҳнамои равобити хориҷӣ ва эҳёи эътибори байналмиллалии мо, тоҷикон дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмиллалӣ мебошад. Ин боб собит месозад, ки Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо маҳсули музокироти дохилӣ, балки натиҷаи сиёсати сулҳҷӯёна ва фаъоли хориҷӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарки ин ки мамлакат ҷангзада наметавонад дар изолятсия рушд кунад, консепсияи «Дарҳои боз»–ро ҳамчун василаи таҳкими давлатдорӣ пешниҳод намуданд. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан аз шарики дар муносибатҳои байналмилалӣ дар канор монда буд. Талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои калидӣ (Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон ва давлатҳои ҳамсоя) барқарор шаванд.
Узвият дар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ барои Тоҷикистон яке аз масъалаҳои умда, мубрам ва доғи рӯз дар давраи солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Узвият дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра ба Тоҷикистон имкон дод, ки зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овози худро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба гӯши ҳамагон расонад ва аз минбари Созмони Милали Муттаҳид таҷрибаи сулҳи худро муаррифӣ кунад.
Яке аз масълаҳои муҳими ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин бунёди сармоягузорӣ ва эҳёи иқтисоди миллӣ мебошад. Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷӣ вазифаи муҳими сиёсӣ ва иқтисодиро иҷро кард:
Ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ (Бонки ҷаҳонӣ, ХБА) барои барқарорсозии инфрасохтори харобгашта заминаи мусоид гузошт, меандешад муаллиф дар ин боби китоб.
Ташаббусҳои глобалӣ, аз ҷумла дар масъалаи об ва иқлим Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Вақте шаҳрвандон диданд, ки Парчами Тоҷикистон дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳо парафшон аст ва давлатҳои абарқудрат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбари қонунӣ ва сулҳофар мепазиранд, эътимод ба ояндаи давлат мустаҳкам гардид. Ин амр боиси коҳиши низоъҳои минтақавӣ ва муттаҳид шудани мардум дар атрофи Пешвои миллат ва ҳадафҳои умумимиллии эшон шуд.
Ин стратегия, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос ёфтааст, имрӯз ҳам кафолати Истиқлолият ва таҳкимбахшии мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
«Роҳкушо» яке аз бобҳои муҳими ин китоб ба ҳисоб рафта, нақши калидии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи давлатдории миллӣ ва бартарафсозии пайомадҳои харобиовари ҷанги шаҳрвандӣ баррасӣ шудааст. Муаллифи китоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо ҳамчун дастоварди сиёсии миллати тоҷик, балки ҳамчун фарзанди фарзона, шахсияти таърихӣ дар қатори Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ барои хизматҳояшон дар бунёди давлати миллӣ ва пешрафта арзёбӣ намуданд.
Ҷанбаҳои асосии ин боб аз инҳо иборат аст:
Таҳкими истиқлоли сиёсӣ. Тавассути таъсиси Ҳукумати муштарак, мустаҳкамсозии заминаҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ ва муколама бо гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд парокандагии миллиро бартараф ва эътимоду боварии мардумро ба давлат барқарор созанд.
Эҳёи инфрасохтори стратегӣ. Барқарорсозии роҳу пулҳои харобшуда, сохтмони нақбҳои стратегӣ (ба мисли нақби Анзоб Шар-Шар ва Чормағзак) ва пайвастани минтақаҳои ҷудогона (Душанбе–Кӯлоб, Душанбе–Хуҷанд, Душанбе–Кулма) омили ҳалкунанда дар таъмини ягонагии иқтисодӣ ва ҳудудии кишвар гардид. Ин тадбирҳо Тоҷикистонро аз мамлакати кӯҳсор ба маркази бузургу муҳими транзитии минтақавӣ табдил доданд.
Истиқлоли иқтисодӣ ва фарҳангӣ. Ҷалби сармояи хориҷӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ (бахусус ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён) заминаи ташаккули худшиносии миллӣ, ифтихори ватандориро фароҳам овард.
Лоиҳаҳои инфрасохторӣ бо ибтикороти дурбинона ва созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи мустаҳками Тоҷикистони имрӯзаро гузоштанд. Бо табдил додани инфрасохтор ба абзори сулҳ ва ягонагӣ, давлат тавонист аз бӯҳрони амиқи пас аз ҷанг ба марҳалаи рушди устувор ва созандагӣ гузарад. Ин роҳкушоиҳо на танҳо мушкилоти имрӯзаро ҳал кард, балки дурнамои дурахшони иқтисодию иҷтимоиро барои садсолаҳо, барои наслҳои оянда таъмин намуд, ки нишонаи роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахшҳои энергетика ва идоракунии стратегӣ, Тоҷикистонро аз вартаи парокандагӣ ба марҳалаи пешрафти босубот расонд. Ин раванд собит сохт, ки бо роҳбарии хирадмандона ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҳатто дар шароити душвори пас аз ҷанг, метавон давлати мустақил ва пешрафта бунёд кард. Имрӯз ба шарофати ин ибтикорот, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои истиқлоли энергетикӣ ва роҳнамоии равшан ба сӯйи ояндаи дурахшон устуворона қадам мегузорад.
Боби «Нурофар» нақши стратегии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳё ва рушди бахши энергетикаи ҷумҳурӣ инъикос мекунад. Аз вазъияти буҳронии пас аз Истиқлол ва пайомадҳои харобиовари ҷанги шаҳрвандӣ то табдил додани Тоҷикистон ба мамлакат дорои истиқлоли энергетикӣ – ин раванд тавассути талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши энергетика Тоҷикистонро аз як давлати дар буҳрон қарордошта ба давлати дорои ояндаи устувори иқтисодӣ табдил доданд. Ин раванд намунаи равшани роҳбарии хирадмандонаест, ки захираҳои табииро ба абзори рушди миллӣ ва ваҳдати умумимиллӣ мубаддал сохтанд.
Дар ин қисмат аз тарафи муаллиф нақши муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табдил додани захираҳои обии мамлакат аз «манбаи истифоданашуда» ба «асоси рушди устувор» нишон дода шудааст. Ин раванд на танҳо ҷанбаи техникиро фаро мегирад, балки ҳамчун омили муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои таъмини зиндагии шоистаи мардум хизмат мекунад
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро ҳамчун «манбаи ҳаёт» ва асоси рушди бисёрсоҳавӣ (энергетика, кишоварзӣ, саноат) арзёбӣ намуданд. Тадбирҳо оид ба такмили обанборҳо (ба мисли Норак ва Роғун) ва системаҳои обёрӣ (ба мисли Данғара) ба афзоиши ҳосили кишоварзӣ ва коҳиши талафоти об мусоидат карданд.
Бо дарки хатарҳои вобастагӣ аз як манбаи энергия (танҳо гидроэнергетика), ибтикорот барои истифодаи энергияи офтобӣ (дар минтақаҳои дурдаст ба мисли Мурғоб ва Рашт) ва энергияи шамолӣ ба роҳ монда шуданд. Ин иқдом на танҳо истиқлоли энергетикиро тақвият дод, балки ба ҳифзи муҳити зист низ мусоидат мекунад.
Ояндаи энергетикии Тоҷикистон бо татбиқи технологияҳои рақамӣ («Smart grids» ё «Шабакаҳои ҳушманд») ва модернизатсияи инфрасохтор пайванд аст. Тоҷикистон имкон дорад, ки бо истифода аз лоиҳаҳои минтақавӣ (ба мисли CASA-1000), ба як маркази муҳими содироти барқ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши энергетика заминаҳои рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузоштанд. Ин дастовардҳо на танҳо ниёзҳои дохилиро қонеъ карданд, балки мақоми байналмилалии давлатро ҳамчун давлати дорои захираҳои бузурги энергияи «сабз» боло бурданд. Мероси ин давра–табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мамлакати вобаста аз неругоҳи минтақавӣ–роҳнамои асосии наслҳои оянда дар самти таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ ва ягонагии миллӣ мебошад.
Боби «Сипаҳсолор» нақши калидии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъсиси артиши миллӣ, таҳкими марзҳо ва идораи давлат дар ҳолатҳои фавқулодда тасвир мекунад. Ин қисмат таърихи муборизаи давлати тозаистиқлолро, барои ба даст овардани амният ва таъмини суботи дохилӣ ва хориҷӣ дар давраи душвори гузариш инъикос менамояд.
Дар ин боб таъкид мешавад, ки пас аз фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «холигии низомӣ» дучор шуд ва артиши мустақил надошт. Пешвои миллат бо иродаи қавӣ ва дарки хатари нобудии давлату миллат, ташаббусҳои стратегиро барои бунёди ниҳодҳои мудофиавӣ роҳандозӣ карданд.
Таъсиси артиши миллӣ ва ниҳодҳои амниятӣ на танҳо амнияти марзҳоро таъмин кард, балки ҳамчун сипари боэътимод барои ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ хидмат кард. Мероси ин давра – бунёди артиши касбӣ ва низоми устувори амниятӣ–имрӯз кафолати сулҳу субот ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ин қисмати боби «Сипаҳсолор» ба хулосаи фалсафӣ ва иҷтимоии нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи устувории давлатдорӣ бахшида шудааст.
Мероси асосии ин давра дар он аст, ки устувории роҳбарӣ ба як низоми боэътимоди идоракунӣ табдил ёфт. Ин низом имрӯз ҳамчун кафолати сулҳу субот ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон хизмат мекунад. Ин маънӣ ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки чӣ гуна як роҳбари дурандеш метавонад дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ ҷомеаро на танҳо аз парокандагӣ наҷот диҳад, балки онро ба сӯи ояндаи дурахшон ҳидоят намояд.
Муаллифи китоб ба натиҷае расидааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо як чеҳраи сиёсӣ, балки рамзи муттаҳидии миллат дар роҳи бунёди давлати мустақил, пешрафта ва устувор аст. Ин фаъолиятҳо имрӯз барои наслҳои оянда ҳамчун «дастурамали давлатдорӣ» хизмат мекунанд, ки ҳар як қадам дар он ба сӯи шукуфоӣ равона шудааст.
«Давраи пас аз Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд ҳамроҳ буд, ки дар он роҳбари хирадманд на танҳо барои идораи давлат, балки барои эҷоди орзую умеди шоистаи миллӣ, наҷоти миллат, таъмини якпорчагии Тоҷикистони азиз, таъмини оромии сиёсӣ, таъмини рушду нумуъи устувор ва пайваста дар байни мардум зарур буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо барқарорсозии муколама байни гурӯҳҳои мухталиф, таъкид бар арзишҳои муштарак ва талош барои бартарафсозии нобоварӣ мардумро ба ҳам овард ва рушди устувори кишварро барқарор намуд ва роҳро барои пешрафту шукуфоии ояндаи миллат тавсеа бахшид»,-менигорад муаллифи китоб.
Нуриддин САИД,
доктори илмҳои фалсафа, профессор,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои ҶумҳурииТоҷикистон








Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Модели Тоҷикистони навин — самараи таълимоти ҳуқуқии Пешвои миллат
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Баргузории фестивал-озмун ба баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ мусоидат менамояд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА. Қабули ин санади стратегӣ кафолати рушди босуботи соҳа мебошад
Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ
Тоҷикистон ба ҷомеаи рақамии пешрафта бо иқтисоди инноватсионии рақобатпазир табдил меёбад
Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ЧИСТ? Ва ё мошинҳои ҳисоббарор метавонанд ба монанди инсон фикр карда, қарор қабул намоянд?
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. Ба масоили бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЭҲЁГАРИ ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ ДАР ҚАРИНАИ СИЁСАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУОСИР. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад






