Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи илми тоҷик таҳти унвони «Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд» конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмини ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар ҳамоиш як зумра олимону коршиносон дар мавзуъҳои «Рушди маърифати ҳуқуқӣ – самти муҳими сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Муносибатҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон: дурнамои рушди геополитикӣ», «Таҳкими мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ», «Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд» маъруза намуданд.
Зимни маърузаҳо таъкид шуд, ки асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон ба ташаккули эҳтироми устувор дар ҷомеа нисбат ба қонунгузорӣ ва рафъи падидаи инкор намудани ҳуқуқ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, дар шуури ҷомеа ҷорӣ намудани идеяи иҷрои софдилонаи вазифа ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ бояд нигаронида шаванд. Дар ҳолати коркард ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ рушди фарҳанги олии ҳуқуқии ҷомеа ба амал меояд. Аз ҷониби дигар, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ имкон фароҳам меоварад, ки дархости ҷомеа барои ташаккули фарҳанги пешрафтаи ҳуқуқӣ сари вақт ва босифат ба амал бароварда шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳафтаи илм, ки аз 15 то 20 апрел баргузор гардид, ҷамъбаст шуд. Дар ҷамъбасти Ҳафтаи илм ғолибони озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ғолибони бахшҳои конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд» бо ифтихорнома ва сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид






