Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад

Апрель 23, 2024 14:49

ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи илми тоҷик таҳти унвони «Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд» конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмини ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамоиш як зумра олимону коршиносон дар мавзуъҳои «Рушди маърифати ҳуқуқӣ – самти муҳими сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Муносибатҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон: дурнамои рушди геополитикӣ», «Таҳкими мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ», «Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва «Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд» маъруза намуданд.

Зимни маърузаҳо таъкид шуд, ки асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон ба ташаккули эҳтироми устувор дар ҷомеа нисбат ба қонунгузорӣ ва рафъи падидаи инкор намудани ҳуқуқ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, дар шуури ҷомеа ҷорӣ намудани идеяи иҷрои софдилонаи вазифа ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ бояд нигаронида шаванд. Дар ҳолати коркард ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ рушди фарҳанги олии ҳуқуқии ҷомеа ба амал меояд. Аз ҷониби дигар, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ имкон фароҳам меоварад, ки дархости ҷомеа барои ташаккули фарҳанги пешрафтаи ҳуқуқӣ сари вақт ва босифат ба амал бароварда шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳафтаи илм, ки аз 15 то 20 апрел баргузор гардид, ҷамъбаст шуд. Дар ҷамъбасти Ҳафтаи илм ғолибони озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ғолибони бахшҳои конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд» бо ифтихорнома ва сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Апрель 23, 2024 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд