Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 12.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 12-13 апрел дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, саҳаргоҳон ва рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон дар назар буда, рӯзона бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, саҳаргоҳон ва рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 дараҷа гарм, рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






