Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд

Апрель 23, 2024 15:34

ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз, 23 апрел Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Шаҳрвандон метавонанд ҳам Қалъаи Хуҷандро тамошо ва ҳам истироҳат намоянд.

Бояд гуфт, ки Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» чанде қабл бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.

Қалъаи Хуҷанд ба ҳайси истеҳкоми боэътимод, ки таърихи сеҳазорсола дорад, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эҳё ва барқарор карда шуд.

Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, бунёди бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудаанд.

Дар қисмати ҷанубии Қалъаи Хуҷанд мутобиқ ба талаботи замони имрӯз 8 растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди навъу намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, кундалнигорӣ, мусаввараҳо, кордҳои гуногун, қолинҳои дастӣ, либосҳои миллии мардонаю занона, адрасу атлас, маснуоти заргарӣ, армуғонҳо ва созҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шудааст.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 23, 2024 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид