МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН. Дар ин мавзуъ мулоқоти роҳбарияти милитсияи пойтахт бо соҳибкорони «Бозори Фаровон»-и шаҳри Душанбе доир шуд

Апрель 1, 2024 16:06

ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пеш аз ҳама, аз соҳибкорону масъулини «Бозори Фаровон»-и шаҳри Душанбе, ки калонтарин маҷмааи савдо дар пойтахти мамлакат маҳсуб мешавад, тақозо гардид, ки аз баланд бардоштани нархи маҳсулот худдорӣ кунанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, солҳои охир аз ҷониби баъзе савдогарон дар арафаи иду айём бе ягон асос баланд бардоштани нархи маҳсулот ба мушоҳида мерасад, ки ин боиси норозигии сокинони пойтахт мегардад. Дар ин хусус зимни мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ -1 дар ноҳияи Сино Илҳом Файзуллозода бо маъмурият ва беш аз 400 нафар тоҷирону соҳибмулкони нуқтаҳои савдои «Бозори Фаровон»-и пойтахт, ки 30 марти соли равон доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, мулоқоти мазкур ва силсила вохӯриҳо бо сокинони пойтахт дар асоси нақшаи чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили риояи ҳатмии талаботи қонунҳои амалкунанда, роҳнамоии сокинон дар самти пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, ҳушёр будан дар замони бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, пешгирӣ аз таассубкориву зиёдаравӣ, муборизаи дастаҷамъӣ бо зуҳуроти номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, танзими нарху наво дар бозорҳо ва таъмини волоияти қонун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода дар мулоқот оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози андеша намуда, аз ҳозирин риояи ҳатмии муқаррароти ин қонунҳоро талаб намуд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода аз фурӯшандагону соҳибкорон, ки онҳо ҳамзамон волидайн мебошанду масъулияти таълиму тарбияи дурусти фарзандро ба дӯш доранд, тақозо намуд, ки фориғболӣ накарда, аз кору рафтори фарзандони худ, бо кӣ дӯстӣ доштанашон, вақти худро дар куҷо сарф карданашон ва рафти таҳсилашон дар мактабу донишгоҳ ҳамеша огоҳ бошанду онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намоянд.

Ҳамзамон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №116-и ноҳияи Сино бо фаъону сокинони маҳаллаҳои Ҷӯйбодом, Конститутсия, Чортути Боло, Арбобхотун низ чунин вохурӣ гузаронида шуд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба дарёфти роҳҳои муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби зидди ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва хонандагони мактабҳо, хотима бахшидан ба бегонапарастӣ, амалӣ намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ, таблиғу ташвиқи моҳияти ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ саҳм гузоштан дар суботи ҷомеа ва рушди Ватан изҳори андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки дар руҳияи хештаншиносиву ватандорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таълиму тарбия намудани насли наврасу ҷавон аз ҳамагон масъулияти ҷиддӣ талаб мекунад.

«Танҳо дар ҳолати дуруст тарбия намудани фарзандон мо метавонем изҳори қаноатмандӣ намоем, ки рисолати худро хуб ба ҷо овардаем», -гуфта шуд дар мулоқот.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Апрель 1, 2024 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд