Намояндаи Тоҷикистон ҷаласаи 19-уми Гурӯҳи кории СПЕКА-ро дар Самарқанд раисӣ намуд

Апрель 4, 2024 16:25

ДУШАНБЕ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи 19-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ /СПЕКА/ оид ба савдо  доир гардид.  Дар ҷаласа  намояндагони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон ва  созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирон намуданд. Ҷаласаи мазкурро  муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Аҳлиддин Нуриддинзода раисӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад.

Намоянаи Тоҷикистон оид ба корҳои иҷрогардида дар доираи Созмон, аз ҷумла масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СПЕКА, тавсеа ва татбиқи минбаъдаи ҳадафҳо барои савдои устувор дар минтақа маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат дар соҳаи савдо муайян намуданд, ки дар натиҷаи он дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Дар доираи ҷаласа аз ҷониби коршиносони ташкилотҳои байналмилалӣ вобаста ба рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ ва рушди робитаҳои минтақавӣ рӯнамоҳо пешниҳод гардиданд. Ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи савдо байни давлатҳои  манфиатдор тавсияҳои мушаххас пешниҳод шуданд.

Тоҷикистон раисии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад, ки он яке аз механизмҳои фаъоли ин Созмон  маҳсуб ёфта, дар доираи он то кунун якчанд санадҳои стратегӣ оид ба тақвияти ҳамкории тиҷоратии минтақавӣ ва содагардонии расмиёти савдо қабул шудааст.

АКС: Вазорати руши иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2024 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд