Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ вобаста ба долонҳои нақлиётии рақамӣ дар Самарқанд иштирок намуд

Апрель 5, 2024 11:21

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Самарқанд дар доираи Форуми 11-уми Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба сода намудани расмиёти савдо (APTFF) бахшида ба «Долонҳои нақлиётии рақамӣ» ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш муовини Вазири нақлиёти мамлакат Шоиста Саидмуродзода намояндагӣ намуд.

Дар доираи ҳамоиш ҳамзамон ҷаласаҳои алоҳида вобаста ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ ва фаромарзӣ дар соҳаи нақлиёт ва технологияҳои рақамӣ ҳангоми ташаккули долонҳои устувори нақлиётӣ доир шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласаҳо мубодилаи афкор ва таҷриба доир ба истифодаи технологияҳои рақамӣ барои эҷоди долонҳои нақлиётии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва устувор баргузор шуда, зарурати ҳамкории байналмилалӣ, хусусан дар таҳия ва идоракунии долонҳои нақлиётии рақамӣ баррасӣ гардид.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2024 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад