НАВОИ ДӮСТӢ. Дар Душанбе намояндагони Консерваторияи давлатии Узбекистон табодули таҷриба менамоянд
ДУШАНБЕ, 10.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов намояндагони филиали Консерваторияи давлатии Узбекистон дар шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Қарақалпоқистон табодули таҷриба менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консерваторияи миллӣ хабар медиҳад.
Мақсади ташрифи устодон коромӯзӣ, табодули таҷриба ва таҳияи нақшаҳои нави ҳамкории минбаъда баҳри рушди санъати касбии мусиқӣ мебошад. Давоми сафари корӣ меҳмонон дар дарсҳои кушоди омӯзгорони Консерваторияи миллӣ аз фанҳои тахассусӣ иштирок намуда, бо нақшаву барномаҳои таълимӣ шинос шуданд.
Инчунин аз ҷониби дирижёри Консерваторияи Нукус, профессор Ҳикмат Раҷабов кор бо оркестри созҳои халқӣ гузаронида шуда, ба онҳо муяссар гардид, ки дар натиҷаи якчанд тамрин таҳти унвони «Навои дӯстӣ» консерти муштарак омода намуда, пешкаши тамошобинон гардонанд.
Бояд гуфт, ки дар барнома оҳангҳо аз эҷодиёти композиторони тоҷик ва узбек садо дода, профессор Рӯдакӣ Алланбаев бо забонҳои тоҷикиву узбекӣ якчанд суруд иҷро намуд.
Профессор Ҳикмат Раҷабов ба қобилият ва маҳорати навозандагии донишҷӯёни Консерватория баҳои баланд дода, иброз дошт, ки минбаъд бояд табодули донишҷӯёнро низ амалӣ намуд, то онҳо тавонанд аз таҷрибаи ҳамдигар биомӯзанд.
АКС: Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






