Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад

Апрель 27, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел дар шаҳри Душанбе Анҷумани XIV-уми саратоншиносон ва радиологони кишварҳои ИДМ ва Авруосиё оғоз гардид, ки дар ифтитоҳи кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарият ва аъзоёни Ассотсиатсияи директорони марказҳо ва институтҳои саратоншиносӣ ва рентгенорадиологони кишварҳои ИДМ ва Авруосиё, коршиносони пешбари беш аз 12 кишвари хориҷӣ дар соҳаи саратоншиносӣ, шарикон оид ба рушд, доираи васеи мутахассисону коршиносони соҳа ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки мутахассисони саратоншинос бо дастовардҳои навини илм ва амалия шинос шаванд, ки ин омил ба такмил додани ёрии саратоншиносӣ мусоидат менамояд.

Иштироккунандагони анҷуман чунин мешуморанд, ки одатҳои бад яке аз омилҳои асосии инкишофи саратон мебошад.

Профессори кафедраи онкология, ташхис ва табобати шуоии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино Саида Умарзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки хушбахтона чунин анҷумани илмӣ бори дуввум аст, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

«Чунин конфронсҳои илмӣ барои рушди илми саратоншиносӣ таккони ҷиддӣ мебахшанд. Дар кори анҷуман барои иштирокчиён 31 бахш бо 620 маърузачиён ва модераторони бахшҳо, 587 маъруза, зиёда аз 600 фишурдаи мақола (тезис) ташкил карда шудааст. Бахши аввал ба пешгирии бемории саратон ва намудҳои муосири пешгирии он бахшида шуда буд. Дар он се коршиносӣ байналмилалӣ, аз Русия, Фаронса ва Казоқистон иштирок доштанд. Хулосабарорӣ шуд, ки барои Тоҷикистон низ зарурият аст, ки консепсияи паст кардани зарари омилҳои хавфро вобаста ба пешгирии бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намоянд, зеро ин тақозои замон аст. Мо бояд ба мардум роҳ нишон диҳем, ки чи гуна ин бемориро пешгирӣ намоянд. Бо манъ намудани сигоркашиву истеъмоли хӯрокҳои зараровар, машруботӣ спиртӣ ин проблема ҳалли худро намеебад. Олимон дар он ақидаанд, ки усулҳои алтернативиро бояд ба роҳ монем. Имрӯз дақиқ исбот шудааст, ки фарбеҳӣ боиси тақрибан 20 намуд ва сигоркашӣ беш аз 15 навъи саратон шуда метавонад. Мо асосан дар бахшҳои алоҳида чораҳои пешгирикунандаи бемории саратонро муҳокима кардем»,- илова намуд Саида Умарзода.

Бино ба андешаи мутахассис тамокукашӣ шаклҳои зиёди саратонро ба вуҷуд меорад, хусусан саратони шуш, ки бештар дар байни мардон маъмул аст. Тамокукашӣ боиси хуруҷи на танҳо саратони шуш, балки саратони меъда низ мегардад.

Профессори соҳаи тиб, саратоншиноси беморхонаи Бизе дар Париж Дэвид Хаят баёд дошт, ки барои пешгирии ин вабо чораҳои қатъӣ ва зарурӣ андешида шуда истодааст.

«Саратон бемории ғайрисироятӣ буда, агар ба омори Тоҷикистон нигарем бештари фавт аз бемориҳои ғайри сироятӣ ба амал меоянд ва сабаби бештари он истеъмолӣ тамоку, машғул нашудан ба тарбияи ҷисмонӣ, ки ба фарбеҳӣ меоварад ва истеъмоли зиёди намак мебошад. Тадқиқоте, ки соли 1990 гузаронида шуда буд, як далели ҷолибро нишон дод, ки аввалин омили хатари гирифторӣ ба саратон он солҳо тамокукашӣ буд. Бо гузашти солҳо ва андешидани ҳама тадбирҳо соли 2019 такроран тадқиқот гузаронда шуд, ки омили аввали беморӣ боз тамокукашӣ буд. Дигар омилҳое, ки шумо бояд ба онҳо диққат диҳед, фарбеҳӣ ва сатҳи баланди глюкоза мебошад. Мутаассифона, одамон аксаран наметавонанд аз одатҳои бад, чун тамокукашӣ, истифодаи машруботи спиртӣ, хӯрдани хӯрокҳои носолим даст кашанд. Аз ин рӯ вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин одатҳоро ҳадди ақал кам кунем. Мо медонем, ки фарбеҳӣ боиси бемориҳои гуногун, аз қабили саратон, бемориҳои дилу раг, диабети қанд мегардад. Ва дар ин ҷо шумо бояд парҳези дурустро риоя кунед, хӯрокҳоеро истеъмол кунед, ки ба хориҷшавии инсулин оварда намерасонанд. 80% табибон дар саросари ҷаҳон фикр мекунанд, ки никотин боиси саратон мегардад, ин дуруст нест; яъне никотин ба нашъамандӣ ва вобастагӣ ба он оварда мерасонад, аммо бемории саратонро ба вуҷуд намеорад. Инҷо бояд муҳлати тамокукашӣ ва шумораи тамокуро низ ба инобат гирем. Исбот шудааст, ки одам ҳар кадар бештар моддаи кансерогенӣ, ки дар дуди сигор аст, нафас кашанд, бемории саратон ҳамон қадар зиёд хуруҷ мекунад»,-илова намуд Дэвид Хаят.

Мувофиқи маълумоти Агентии байналмилалии тадқиқоти саратони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки соли 2024 нашр шудааст, интизор меравад, ки бемории саратон дар саросари ҷаҳон аз 20 миллион ҳолати нав дар соли 2022 то 35 миллион дар соли 2050 афзоиш ёбад.

«Яъне, тибқи пешбиниҳо, то соли 2050 бемориҳои саратон нисбат ба соли 2022 то 77% афзоиш меёбад. Дар соли 2022 — 20 миллион ҳолати нави гирифтори ба саратон ва 9,7 миллион ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар баробари ин шумораи одамоне, ки баъд аз ташхис 5 сол зинда буданд, 53,5 миллион нафарро ташкил дод. Тақрибан аз ҳар панҷ нафар як нафар дар тӯли умри худ ба саратон гирифтор мешавад ва тақрибан аз ҳар 9 мард ва аз ҳар 12 зан як нафар аз ин беморӣ мефавтат.

СУТ изҳор дошт, ки тақрибан аз се ду ҳиссаи ҳолатҳои нави саратон дар 10 намуди саратон рух медиҳанд. Дар соли 2022 саратони шуш маъмултарин саратон дар саросари ҷаҳон буд (2,5 миллион ё 12,4% ҳамаи ҳолатҳои нав). Дар ҷои дуюм саратони сина дар занон (2,3 миллион ҳолат, 11,6%), саратони рӯда (1,9 миллион, 9,6%), саратони ғадуди простата (1,5 миллион, 7,3%) ва саратони меъда (970 ҳазор, 4,9%) меистад.

Барои коҳиш додани гирифторшавӣ ба саратон ҳар як шахс бояд тарзи ҳаёти солим барад, аз муоинаи мунтазам гузарад, аз ташхиси скринингӣ гузарад ва ғизои солим истеъмол намояд.

Мудири шуъбаи химиотерапияи Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сергей Камишов хабар дод, ки мутаассифона, дар кишвари мо то ҳол мушкилии муайян кардани беморӣ дар марҳиллаи аввал вуҷуд дорад.

«Ба ҳисоби миёна дар кишварҳои ИДМ дар зиёда аз 20-30% ҳолатҳо дараҷаи 3-юм ва 4-уми бемории саратон ошкор карда мешавад. Баъзан ин аз бесаводии аҳолӣ, шартҳои амалӣ ё илмии ташкили чорабиниҳои скринингӣ ва пешгирии беморӣ дар марҳалаҳои аввал вобаста аст. Самти муҳими кори мо пешгирии саратон мебошад. Мо ҳама медонем, ки саратонро чӣ гуна табобат кардан лозим аст, аммо мутаассифона, дар марҳилаҳои аввал ошкор кардани беморӣ барои мо ҳанӯз мушкил аст.

Одатҳои бад яке аз омилҳои саратон мебошанд. Ин аз ҷиҳати илмӣ исбот шудааст. Масалан, тамокукашӣ яке аз омилҳои асосии хуруҷи саратон мебошад. Дар кишварҳои мо низ аз нос истифода мекунанд, ки боиси саратони луобпардаи даҳон, сурхрӯда ва меъда мегардад. Дар Ӯзбекистон қонуни ягонае амал мекунад, ки тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва фурӯши маҳсулоти тамоку дар назди муассисаҳои таълимӣ ва ҳамчунин ба шахсони то 17-соларо маҳдуд мекунад. Омили асосй ҳануз тарбия аст. Ба бачагон дар ҳар як оила дар бораи аҳамияти пеш бурдани тарзи ҳаёти солим, зарари тамокукашй ва нушидани машрубот фаҳмондан лозим аст»,-андеша дорад мутахассис.

Генетик, доктори илмҳои тиб, профессор, мудири шӯъбаи илмии биологияи афзоиши варамҳо аз Федератсияи Русия Евгений Имянитов ҳам дар он ақида аст, ки одатҳои бад дар рушди саратон нақши бузург доранд.

«Аксари ҳолатҳои саратонро пешгирӣ кардан мумкин аст. Агар одамон тарзи ҳаёти солимро пеш баранд, ҳолатҳои саратон тақрибан 3-4 маротиба камтар мешавад.

Ман фикр мекунам, ки дар асри 21 чораҳои назорати вазни зиёдатӣ тақвият бояд дода шавад. Дақиқан маълум нест, ки чӣ гуна, зеро инҳо бояд чораҳои ҳамаҷониба бошанд — аз манъкунии қатъи то иттилоотӣ. Ин вазифаи ниҳоят таъхирнопазир аст. То ҳол ба аҳолӣ танҳо тавсия дода мешавад, вале на ҳама чораҷӯӣ мекунанд. Тавре таҷриба нишон медиҳад дар аксари кишварҳои пешрафта тадбирҳои манъкунӣ бомуваффақият амалӣ карда мешаванд ва онҳо натиҷаҳои хуб медиҳанд»,-фикрашро баён намуд мусоҳиб.

Интихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани Анҷумани навбатӣ-ин эътирофи дастовардҳои кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳифзи саломатии шаҳрвандон, самаранокии тадбирҳо оид ба мубориза бо бемориҳои саратон, хизматҳо ва эътибори саратоншиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мебошад.

Бояд гуфт, ки корҳои муштарак ба шумораи зиёди табибон имкон медиҳанд, ки бо дастовардҳои навтарини илм ва амалия шинос шаванд, ки ин омил ба такмили минбаъдаи кӯмаки саратонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.
Анҷумани мазкур имрӯз, 27-уми апрел, низ ба кори худ идома хоҳад дод.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 27, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад