Одил Рено-Бассо: «Ҳамкории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Тоҷикистонро метавон ҳамчун ҳамкории шарикӣ арзёбӣ намуд»

Апрель 29, 2024 19:31

ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.

Пас аз мулоқот Одил Рено-Бассо дар нишасти хабарӣ бо иштироки хабарнигорони дохиливу хориҷӣ оид ба натиҷаи суҳбат сухан гуфт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалиятҳои стратегии мамлакат ва мусоидати Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар самти тағйирёбии иқлим, дастгирии рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусии маҳаллӣ, рақамикунонӣ, ҳамгироии минтақавии иқтисоди миллӣ ва тақвияти иқтидори содиротии  «энергияи сабз» баррасӣ гардиданд.

«Соли гузашта Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд 30-солагии фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифт. Ман шодам, ки дар Тоҷикистон қарор додам ва имрӯз шоҳиди натиҷаҳои фаъолиятамон гардидам, — гуфт Одил Рено-Бассо. — Мо бо мақомоти марказию минтақавӣ ва бо ҷомеаи соҳибкорӣ ҳамкории хуб дорем».

Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд таъкид намду, ки Бонк яке аз бузургтарни сармоягузорон дар Тоҷикистон аст ва бахшҳои энергетика, об, нақлиёт, бонкдорӣ ва соҳобкории хурду миёнаро дастгирӣ намудааст.

«Тавре ман ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштам, ҳамкории моро метавон ҳамчун ҳамкории шарикӣ арзёбӣ намуд», — тазаккур дод Одил Рено-Бассо.

Гуфта шуд, ки дар доираи ин сафар Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд тасмим дорад, ки якчанд лоиҳаи қарздиҳии «сабз»-ро дар доираи Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабзи Душанбе» ва дастгирии соҳибкорӣ ва савдои занон ба имзо расонад.

Изҳори итминон карда шуд, ки дар оянда шартномаҳои бештар, ки ба беҳтарсозии ҳаёти мардум ва дастгирии рушди устувори Тоҷикистон нигиронида шудаанд, ба имзо мерасанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 29, 2024 19:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид