«РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА». Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ Рӯзи даъватшаванда доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш ба даъватшудагон, ки даврҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардид. Сипас аз ҷониби афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи асосии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди бедордил ва ҷавонони бонангу номус тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва марзу бум аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос намояд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат баҳри боз ҳам рушд додан ва фароҳам намудани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад. Бо назардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 апрел дар саросари шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 31 май идома меёбад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе


















Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд






