РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Апрель 27, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 27.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 26-27 апрел дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи илм дар мавзӯи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» — асоси саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологӣ хабар медиҳад.

Дар конференсия иброз гардид, ки баргузории ин ҳамоиш  пеш аз ҳама ба амалисозиву омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати иҷрои дастуру  ҳидоятҳои Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040» нигаронида  шуда, дар ҳалли масоили матраҳшаванда мусоидати бештар менамояд.

Дар ҷамъомад  аз ҷониби олимони донишгоҳ дар мавзуъҳои «Мавқеи инфрасохтор дар тезонидани индустриализатсияи иқтисодиёти Тоҷикистон», «Модели математикии ифлосшавии ҳавои атмосфера аз тӯфончангҳо (дар мисоли шаҳри Душанбе)», «Таҳияи либосҳои болопӯши кешбофӣ бо технологияи захирасарфаҷӯӣ» ва «Худшиносии миллӣ – ҳамчун иммунитети иҷтимоӣ дар баробари хатарҳои муосири сиёсӣ» маърузаҳо пешниҳод гардид. Иштирокдорон доир ба маърӯзаҳои илмии пешниҳодшуда ибрози назар карданд.

Тибқи барнома,  конференсия дар бахшҳои «Таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити рақамикунонии саноати хӯрокворӣ», «Татбиқи технологияи сабз ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи саноати сабуки Тоҷикистон», «Саҳми технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Самтҳои асосии рушди босуръати саноат ва такмилдиҳии сохтори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҳамбастагии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва гуманитарӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ ва раванди саноатикунонии ҷумҳурӣ»  баргузор шуд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Апрель 27, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд