Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт

Апрель 19, 2024 16:14

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-19 апрел ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Зимни ин сафар меҳмони олимақом муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 28 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар доираи ин сафар дар «Кохи Борбад» барномаи бошукуҳи консертии устодони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон ва дар Маркази ЭКСПО намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон баргузор гардида, ба хотири рушду густариши муносибатҳои дипломатӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон ифтитоҳ ёфт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо нишони эҳтирому самимияти хос меҳмони олиқадр — муҳтарам Шавкат Мирзиёевро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.
Анҷоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.04.2024

Апрель 19, 2024 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд
Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд