«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Хатлон Фестивали гулҳо баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон 5 миллиону 243 ҳазор бех гулу гулбуттаҳо, аз ҷумла 647 ҳазору 487 дона гули лола, 888 ҳазору 475 бех гули садбарг ва 3 миллиону 707 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст. Дар ин хусус зимни баргузории Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар шаҳри Бохтар иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Таъкид гардид, ки баргузории ин фестивал ба вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо, ҳамзамон ҷиҳати ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ ва зебоипарастӣ бо аҳолӣ мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки то ин давра марҳилаи якуми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар шаҳру ноҳияҳо аз рӯи номинатсияи «Гулпарвари беҳтарин» шумора ва намуди гулҳо, аз ҷумла гули лола, иҷрои талаботи гулпарварӣ ва сифати он, масоҳати гулҳои шинонидашуда, барои номинатсияи «Гулгашт ва хиёбон» симо ва сифати роҳравҳо, мавҷуд будани ҷойҳои нишаст, ҳолати ободонӣ ва нигоҳубин (тозагӣ, ороиш бо гулу гулбуттаҳо), мавҷуд будани қуттиҳо (барои партов), барои номинатсияи «Боғҳои фарҳангию фароғатӣ» шумораи гулзор ва намуди гулҳо, аз ҷумла гули лола, интихоб намудани композитсия ва дизайни ҷолиб дар мавзеъҳои гулзоршуда доир шуда, саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ин самт ба инобат гирифта шуд.



Омӯзиши рафти баргузории фестивал дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, инчунин пешниҳоди маводҳо аз тарафи шаҳру ноҳияҳо собит намуд, ки дар асоси талаботи Низомнома марҳилаи якуми фестивал бомуваффақият ҷамъбаст гардида, дар доираи он корҳои назарраси ободонӣ, кабудизоркунӣ, бунёд намудани гулгаштҳо ва тозаю озода намудани маҳалли зист анҷом дода шудааст.
Ҳамзамон аз ҷараён ва натиҷаи ҷамъбасти онҳо тавассути воситаҳои ахбори оммаи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мунтазам барномаҳо пахш гардида, видеороликҳои фестивали гулҳо аз тарафи телевизиони Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят наворбардорӣ ва инъикос карда шуд.
Тибқи хулосаи Комиссияи вилоятии фестивал ғолибон аз рӯи номинатсияҳо муайян шуда, бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






