Сарвари давлат: «Нагузорем, ки шаҳрвандон ва фарзандонамон бозичаи дасти гурӯҳу қувваҳои манфиатҷӯ гарданд»
ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Мо дида истодаем, ки вазъияти ҷаҳони муосир чӣ қадар ҳассос гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб ва марҳалаи нави «ҷанги сард» рӯз ба рӯз шиддат мегирад ва касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки фардо чӣ мешавад», — чунин иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр.
Дар идома Президенти мамлакат тазаккур доданд, ки дар чунин шароити ниҳоят мураккабу хатарзо мо нагузорем, ки шаҳрвандон ва фарзандонамон бозичаи дасти гурӯҳу қувваҳои манфиатҷӯ гарданд.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон зарурати баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, дарку эҳсоси боз ҳам амиқи арзишҳои миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ, таваҷҷуҳ ба забон, фарҳанг ва мероси таърихии халқи худ, анъанаву суннатҳо ва расму ойинҳои миллиро ба миён гузоштааст.
«Мо бояд арзишҳои ҷовидонаи мардумамонро, ки давоми асрҳо ташаккул ёфтаанд, барои тарбияи наслҳои созандаву ободкор ҳифз кунем, истифода намоем ва ба мерос гузорем, — изҳор намуданд Пешвои миллат. — Пеш аз ҳама, дар фикри давлат ва миллати хеш бошем, дар назар дошта бошем, ки миллати тоҷик аз азал инсондӯсту таҳаммулгаро буд ва номашро дар таъриху тамаддуни башарӣ бо илм ва фарҳангу адабиёти ҷаҳонгираш сабт намудааст».
АКС аз бойгонӣ








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






