Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд

Апрель 26, 2024 15:30

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд. Ин аст, ки гурӯҳи кории Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади табодули таҷриба ва густариши ҳамкорӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Боку ба Озарбойҷон рафт.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ медиҳад, ки дар Боку вохӯрии гурӯҳи корӣ бо раиси Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Боку Реад Гасимов ва Сармеъмори шаҳри Боку Акиф Абдуллоев баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи мақомоти соҳавӣ дар бахшҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид. Инчунин доир ба масъалаҳои гуногун дар соҳаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ табодули афкор карда шуд.

Дар анҷом меъморони тоҷик бо Нақшаи генералии рушди шаҳри Боку то соли 2040 шинос гардиданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Апрель 26, 2024 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд