Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Дар ҷаҳони ноустувор ва ноором, дар шароити торафт афзудаистодаи зиддият ва фишори афзояндаи берунӣ Узбекистон минбаъд низ китф ба китф дар паҳлуи Тоҷикистон меистад ва бо саъю кӯшиши самимона мардуми шариф ва меҳнаткаши тоҷикро дастгирӣ ва кумак менамояд». Ин нуктаро, ки бори дигар далели дӯстиву бародарии ду миллати бо ҳам дӯсту ҳамсоя-тоҷикону узбекон мебошанд, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки «итминон дорам, ки дӯстӣ ва ҳамкории зичи халқҳои мо, ки ҳазорон сол аз як дарё об нӯшида, дар файзу баракати рӯзгор шарик буданд, душвориҳоро якҷоя бартараф ва мушкилотро якҷоя ҳал карда буданд, абадию вайроннашаванда боқӣ мемонад. Чунонки дар зарбулмасали хирадмандонаи тоҷикӣ гуфта шудааст: «Дӯстони вафодор беҳ аз хешовандон».
Ёдовар мешавем, ки 18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар доираи сафари давлатӣ дар Душанбе мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуда, дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкориро муҳокима намуданд. Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид, ки дар маҷмуъ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ 28 санад ба имзо расид.
Ҳамзамон дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд. Инчунин Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат, ки таҳти унвони «Дӯстии ҷовидон» дар «Кохи Борбад» шоми 18 апрел доир гардид, иштирок намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Узбекистон








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






