Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ Ховар/. Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид. 107 нафар захмӣ шуда, 50 нафари дигар бедаракшуда ҳисобида мешаванд. Дар ин хусус рӯзномаи The Manila Times бо истинод ба мақомот хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи маълумоти онҳо, шумораи зиёди ҳалокшудагон дар минтақаи Висайи Марказӣ — 129 нафар, Висайи Ғарбӣ- 22 нафар, Карага- 10 нафар, Минданаои Шимолӣ- ҳафт нафар ва дар Нимҷазираи Замбоанга як нафар сабт шудааст.
Қаблан агентии France — Presse дар бораи 108 ҳалокшуда бар асари офати табиӣ хабар дода буд.
Расадхонаи обуҳавошиносии Гонконг иттилоъ дод, ки тӯфони нави 22-юми ин мавсим бо номи «Раи» дар қисми ғарбии уқёнуси Ором пайдо шудааст. Мақомоти минтақаи Висайи Шарқии Филиппин аз сабаби наздик шудани тӯфон беш аз 82 ҳазор сокини маҳаллиро ба ҷойҳои амн интиқол доданд. Сокинон дар 274 маркази тахлиявӣ дар музофоти Лейтеи Ҷанубӣ, Лейте, Самар, Самари Шарқӣ, Самари Шимолӣ ва Билиран ҷойгир карда шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






