СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид

Апрель 19, 2024 19:19

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳифзи  муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа роҳҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иштирокдорони ҷаласа қабули  Фармони Президенти мамлакатро дар хусуси Соли  маърифатӣ ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки амалигардонии ин фармон ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва тақвияти  волоияти қонун нақши муассир мегузорад.

Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа  оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо  фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 9 марти имсол баён намуданд, таклифҳои судманд пешниҳод  карданд.

Ҳамзамон  дар ҷаласа доир ба Соли маърифати ҳуқуқӣ, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳо, хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияҳои замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз табодули назар карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳар яки мо бояд баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, худшиносӣ, арзишҳои маънавӣ саъй намуда, барои дар руҳияи ватандӯстӣ ва раванди  бунёдкорӣ ба камол расонидани насли наврас устуворона қадам гузорем.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 19, 2024 19:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад