СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
ДУШАНБЕ, 07.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз соли 1950 бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст. Мақсад аз он тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, бардам нигоҳ доштани худ ва аҳли ҷомеа мебошад.
Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатӣ ба сатҳи маърифату маданияти ҳар шахс вобаста аст. Бинобар ин солим будан бояд талаботи ботинии ҳар инсон бошад.
Солҳои охир баҳри солим нигоҳ доштани шаҳрвандон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит фароҳам оварда шуд, ки дар натиҷа фавти модарону кӯдакон паст гардид.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 изҳор шуд, афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад.
Ба таъкиди Сарвари давлат, дар ин давра шумораи фавт дар мамлакат ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст. Яъне дар ин давра фавт 2 баробар коҳиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии мамлакат бо мутахассисони тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Теъдоди умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 21 ҳазору 592 ва 62 ҳазору 445 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 1,98 ва 1,7 % зиёд мебошад.
Саломатӣ асоси некӯаҳволии инсоният, шахс, оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз медоранд, ки «солимии ҷомеа боигарии давлат аст».
Ба андешаи олимони ҷаҳон, инсон метавонад 100 сол умр бинад, агар аз лаҳзаи ба дунё омаданаш тарзи ҳаёти солимро риоя намояд. Зеро тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои бисёр камхарҷ ва пурсамари ҳифзи тандурустии миллат, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои саломатӣ мебошад. Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат моҳи декабри соли 2021 «Барномаи миллии тарзи ҳаёти солимро барои солҳои 2022-2026» қабул намуд. Ин барнома роҳнамои кори тамоми кормандони марказҳои тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ҳадафи асосии барнома ташаккули муносибати нави шаҳрвандон тавассути асосҳои тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони мамлакат, тағйири рафтор нисбат ба саломатии хеш, дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим, татбиқи барномаҳои самараноки минтақавӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили системаи тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони соҳаҳои гуногун оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили сохтор ва таъсиси заминаи моддию техникии марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани самаранокии кори онҳо мебошад.
Тавре баён доштем, тандурустӣ аз соҳаҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт тамоми шароити мусоид фароҳам гардидааст. Бо истифодаи шароити муҳайёгардида ҳоло дар ҷумҳурӣ табибон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом медиҳанд, ҳол он ки дар гузашта барои анҷоми он сокинони мамлакат ба муассисаҳои тиббии хориҷӣ муроҷиат менамуданд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории соҳа низ сол аз сол зиёд гардида, соли 2023 нақшаи буҷети соҳаи тандурустӣ 3 миллиарду 343 миллиону 100 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли 2022 (2 миллиарду 881 миллиону 390 ҳазор сомонӣ) 16,0% ё ин ки 462 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Давоми соли 2023 дар ҷумҳурӣ 131 муассисаи тандурустӣ ба маблағи умумии 169,4 миллион сомонӣ ба истифода дода шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Оинҳои ҷашни Наврӯз дар намунаи ёдгориҳои қадим инъикос гардидаанд






