ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 апрел, сешанбе, 93-юмин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 2, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба ҳукми амал даромад.

***

2 апрели соли 2014 дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон маркази таълимӣ ва  истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии Шероз, ки дар назди Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Зиннат» таъсис ёфтааст, ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакӣ шинос шуданд.

***

2 апрели соли 2018 баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Узбекистон додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя аз нав шуруъ гардид.

***

2 апрели соли 2019 дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Темурмалик»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2019 аз Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ,  аз болои дарёи Сир дар масофаи беш аз як километр «Роҳи танобӣ» ба истифода дода шуд.

***

2 апрели соли 2022 Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бахшида ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (солҳои 2018-2028)» таҳти унвони «Пиряхҳо -ҳамчун манбаи обҳои мусаффои Тоҷикистон» намоиш ташкил  намуд.

***

2 апрели соли 2023 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба Рӯзи байналмилалии китоби бачагона Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» оғоз гардид.

2 АПРЕЛ:

Рӯзи ҷаҳонии китоби кӯдакона.

***

Рӯзи ҷаҳонии паҳннамоии иттилоот оид ба бемории аутизм.

Апрель 2, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст