Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳифзи растаниҳои кишоварзӣ аз жола 15 апрел Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои безараргардонии жоларо анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо истифода аз 12 снаряди зиддижола дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 5 хатари раъду барқро бартараф карданд.
Бо ин иқдом садҳо гектар заминҳои кишти зироати гуногуни кишоварзӣ ва боғҳо аз хатари эҳтимолӣ ва зарари жола эмин монданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






