«Тоҷикаэронавигатсия» хизматрасонии аэронавигатсиониро тибқи ҷадвали баҳор-тобистон оғоз намуд

Апрель 5, 2024 10:38

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ«Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» хизматрасонии аэронавигатсиониро тибқи ҷадвали баҳор-тобистон оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, ки илова ба пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоҳои ватанӣ ва хориҷӣ корхона инчунин дар ифтитоҳи хайтсайрҳои нав низ саҳм мегузорад. Яке аз он хатсайри Душанбе-Остона-Душанбе мебошад, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии ватании «Сомон Эйр» 2 апрели имсол амалӣ гардид.

Тибқи хабари манбаъ, аз 2 март то 26 октябри соли 2024 беш аз 60 ширкати ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ нақша доранд, ки дар як ҳафта тавассути ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 900-1000 парвози мусофирбар ва боркашонӣ анҷом диҳанд.

Бояд ёдовар шуд, ки корхонаи «Тоҷикаэронавигатсия» дар ин самт талоши ҳамаҷониба дошта, оид ба ҳамкории мутақобилан судманд бо  дигар давлатҳо нақшаҳои нав тарҳрезӣ менамояд.

«Тоҷикаэронавигатсия», ки дар пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо муваззаф аст, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

АКС: «Тоҷикаэронавигатсия»

Апрель 5, 2024 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад