ТОҶИКИСТОН-БИҲИШТИ РӮЙИ ЗАМИН. Аҳли ҳунари Туркманистон аз зебоиҳои шаҳри Норак ба ваҷд омад

Апрель 5, 2024 14:56

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Норак сафар намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайатро муовини Вазири фарҳанг ва дигар роҳбарон ҳамроҳӣ намуданд. Дар маркази шаҳр меҳмононро Раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ ва сокинон бо самимияти хосса истиқбол намуданд.

Аз истиқболи гарму тоҷикона меҳмонон ба ваҷд омада бо хунармандону мутрибон ҳамроҳ гардида, сурудҳои тоҷикиро пешниҳоди ҷамъомадагон гардониданд, ки ин далели эҳтирому арҷгузорӣ ба санъату фарҳанги тоҷик аст.

Бояд гуфт, ки ҳайат бо обанбори Норак шинос шуда, изҳор намуданд, ки воқеан ҳам Тоҷикистон — биҳишти рӯйи Замин аст. Манзараҳои дилфиреби мавзеъ ба меҳмонон руҳияи болида бахшид.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва консерти устодони санъати Туркманистон дар Тоҷикистон аз 3 апрел оғоз гардид. Иштирокчиёни он ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаи фарҳангиашонро манзури тамошобинон гардониданд.

Сафари ҳайати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 5 апрел анҷом меёбад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳуриии Тоҷикистон

Апрель 5, 2024 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад