Рустами Эмомалӣ – ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи варзиш
ДУШАНБЕ, 28.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 25 май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил гардид.
Варзишро гарави тандурустию солимӣ, бардамию тавонмандӣ гуфтаанд, ки касе ба ин андеша шубҳа надорад. Зиёда аз он варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ, оромию амонӣ, осудагию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагии оламиён низ дониста мешавад.
Байни навъҳои гуногуни варзиш футбол яке аз намудҳои басе паҳншудаву сермухлис ва дӯстдоштаву писандидаи ҷаҳониён аст, ки таърихи қариб сеасра дорад. Аз солҳои сиюми асри гузашта футбол ҳамчун ҷузъе аз варзиши ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Аммо то кунун ин навъи варзиши ҷаҳонӣ дар тақвим санаи таҷлил ва ё рӯзи хоси ёдоварӣ надошт. Ҳол он ки дар замони муосир байни инсоният тақрибан касеро наметавон пайдо намуд, ки ба ин навъи варзиш аз ягон ҷиҳат дилбастагӣ надошта бошад. Мардуми тоҷик ҳикмате дорад, ки «Қадри зар заргар бидонад…».
Ин фармудаи пурҳикмат дар муаррифии мақоми ин навъи варзиш комилан созгор аст.
Манзури мо шинохти нақши яке аз навъҳои варзиш – футбол дар ҷомеа аст, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қадршиносӣ шуда, тавассути хизмати ин шахсият дар таърихи ин навъи варзиш гардиши бунёдӣ ба вуҷуд омад.
Аз тарафи дигар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози фаъолияти пурмасъулияти хеш, аз ҷумла ба соҳаи варзиш ҳамчун воситаи солимгардонии насли миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир мекарданд. Хурсандиовар аст, ки дар пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе, дар маркази вилоятҳову ноҳияҳо бинои баландошёнае нест, ки дар назди он майдончаи варзишӣ набошад. Ҳатто дар ҳар деҳа низ чунин майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор доранд ва ин ҷараён давом дорад. Албатта, ин ба гуфтан осон аст, зеро дар муддати кӯтоҳи таърихӣ сохта ва ба истифода додани ин қадар варзишгоҳҳо чандон кори саҳлу осон нест. Гузашта аз ин, дастгирии моддию маънавии варзишгарон низ ба таври бояду шояд амалӣ карда мешавад, ки метавон онро яке аз ҷиддитарин ғамхориҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати мардумӣ донист. Натиҷаи чунин дастгирию ғамхориҳо буд, ки солҳои охир футболи тоҷик рушд кард ва барои нахустин бор дастаи миллии футболи хурди Тоҷикистон дар қораи Осиё мақоми чорумро ишғол намуда, ба Ҷоми ҷаҳонии футболи хурд – 2024 роҳхат гирифт. Ҳамзамон тими миллии футболи Тоҷикистон ва дастаҳои бошгоҳҳои футболи мамлакат дар мусобиқаҳои тимҳои миллӣ ва дастаҳои бошгоҳҳои футболи қораи Осиё фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамин гуна ғамхориҳо ва масъулиятшиносиҳоро мардуми Тоҷикистон дар шахсияти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ ба таври дилхоҳ шоҳид гардиданд, ки метавон иқдоми ин шахсиятро низ бунёдӣ, созанда ва пурсамар донист.
Дар иртибот ба ин масъала Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 нахустин маротиба ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули Қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид расман «Рӯзи ҷаҳонии футбол» эълон карда шавад. Аз ҷумла, дар ин пешниҳод омадааст, ки «ин намуди варзиш падидаи фарҳанги ҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоию иқтисодиро убур менамояд. Ин варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва ба забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд…».
Ин буд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Қатъномаи хеш 25 моҳи майро «Рӯзи ҷаҳонии футбол» эълон намуд ва ин муждаро мардуми ҷаҳон хуш пазируфтанд ва минбаъд гиромидошти ин навъи варзиш ҳамасола таҷлил карда мешавад.
Ин пешниҳод обрӯи миллати фарҳангсолор ва давлати азизамон – Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт, зеро он ба шахсияти кордону уҳдабаро, бунёдкору сулҳдӯст ва дурандеш муҳтарам Рустами Эмомалӣ сахт вобаста буда, қобили таҳсин аст.
Рустам НАБОТӢ,
мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ






