25 МАЙ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ. «Тоҷикстандарт» ташхиси сифати молу маводро тибқи меъёрҳои замонавӣ таъмин менамояд

Май 25, 2024 09:40

ДУШАНБЕ, 25.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароиту имкониятро дорад, ки талаботи хоҷагии халқро бобати стандартикунонӣ, сертификатсияи маҳсулоту хизматрасонӣ, таъмини санҷиши метрологӣ, хизматрасонии савдо ва ташхиси сифати молу мавод бо меъёрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ таъмин намояд. Чунин иброз дошт директори агентӣ Темурҷон Абдулваҳобзода дар суҳбат бо хабарниигори АМИТ «Ховар» дар рӯзи кормандони ин соҳа, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 25 май муқаррар карда шудааст.

Ба гуфтаи директори агентӣ, дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- дар вилояти Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Турсунзода, Рашт, Лахш, Хоруғ, Кӯлоб, Бохтар, Шаҳритус, Данғара, Ваҳдат марказҳои ташхиси минтақавӣ амал мекунанд, ки ҳамаи озмоишгоҳҳои ин марказҳо бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар ин озмоишгоҳҳо ташхиси молу мавод бо усулҳои нав муайян карда мешавад.

«Агентии «Тоҷикстандарт» мақомоти миллии соҳаи стандартонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ташкилоти байналмилалии соҳаи стандартикунонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Имрӯз «Тоҷикстандарт» имкон дорад, ки масъалаҳои ба тамоми самтҳои фаъолияти Шурои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия вобастаро мустақилона ҳал намояд», — гуфт директори агентӣ.

Дар айни замон Агентии «Тоҷикстандарт» аъзо-корреспонденти ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартҳо (ИСО), узви Шурои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия (ШБД), аъзо – корреспонденти Ташкилоти байналмилалии метрологияи қонунгузор (МОЗМ (OIML)), узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Авруосиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ (COOMET), узви Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия (МАС), узви ассотсиявии Созмони байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC) ва узви Созмони Осиёи Марказӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар соҳаи метрология, ваколатдиҳӣ ва сертификатсия (САС MAS-Q) мебошад. Ҳамзамон «Тоҷикстандарт» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти пешбаранда ва нигоҳдорандаи фонди давлатии ҳуҷчатҳои меъёрӣ-техникӣ мебошад.

«Ҳамоҳангсозии стандартҳои миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, таҳия ва амалӣ намудани дастурҳои техникии мувофиқашуда аз рӯи присипҳои Ташкилоти ҷаҳонии савдо, ки имрӯз Тоҷикистон барои дохил шудан ба он тайёрӣ мебинад, ба бартараф намудани монеаҳо ва маҳдудият дар муомилоти озоди мол, кор ва хизматрасонӣ мусоидат намуда, барои мукаммалсозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ замина фароҳам меоварад», -афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, фонди ҳуҷҷатҳои меъёрии «Тоҷикстандарт» почтаи электронӣ дошта, ба шабакаи Интернет пайваст буда, дар он сомонаи махсус мавҷуд аст, ки барои дастрас намудани маълумот ва ворид шудан ба он ягон мамоният мавҷуд нест. Ҳамчунин дар «Тоҷикстандарт» китобхонаи соҳавӣ фаъолият мекунад, ки бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва адабиёти муосир таъмин мебошад.

«Ҳамаи ин далели он аст, ки имрӯз мо метавонем бе ягон мамониат ва мушкилӣ истехсолкунандагон, соҳибкорон ва дигар субъекти фаъолияти хоҷагидорро бо стандартҳои байнидавлатӣ ва миллӣ, стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникиву дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таъмин намоем», — таъкид намуд директори агентӣ.


Темурҷон Абдулваҳобзода иброз медорад, ки имрӯз, пеш аз ҳама, зарур аст, ки фаъолияти мақсадноки баланд бардоштани сифат ва бехатарии маҳсулотро дар истеҳсолот таъмин намоем. Таҷрибаи ҷаҳонӣ тасдиқ мекунад, ки татбиқ намудани системаи сифат омили муҳимтарин дар таъмини истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок мебошад.

«Рукни аз ҳама муҳим ва асосии фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» дар он зоҳир меёбад, ки ба хотири бехатарии маҳсулот, ҳифзи саломатии инсон, муҳити атроф ва умуман, мамлакат қонуну қоида, санаду меъёрҳо риоя карда шаванд. Ҳамаи ин дар асоси идоракунӣ, яъне назорати давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳар давлати ҳуқуқбунёду соҳибихтиёр дорои системаи махсуси идоракунӣ ва назоратӣ мебошад. Чунин вазифаи пурмасъулият – назорати давлатӣ аз болои сифати маҳсулот ва ҳифзи бехатарии он ба зиммаи Агентии «Тоҷикстандарт» вогузор карда шудааст»,- илова намуд ӯ.

Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ташкилоти ҷаҳонии савдо мебошад ва узвият ба ин ташкилоти бонуфуз яке аз сиёсати давлатии савдо буда, молу маводи дар ҷумҳурӣ истеҳсолмешударо ба сиёсати иқтисод ва савдои ҷаҳонӣ мутобиқ мегардонад.

«Бари ин зарур ва муҳим аст, ки стандартҳои (ИСО) беҳтарини байналмилалиро қабул намоем, то кору хизматрасонӣ дар пояи баланд ба роҳ монда шаванд. Аз ин рӯ, минбаъд ҳам назорати давлатӣ аз болои кору хизматрасонӣ дар мамлакат пурзӯр карда мешавад», гуфт директори агентии Тоҷикстандарт.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Май 25, 2024 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд