ШУМОРАИ ХОҶАГИҲОИ ТУХМИПАРВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БА 128 АДАД РАСИД. Аммо норасоии тухмии зироати кишоварзӣ то ба ҳол боқӣ аст

Май 19, 2024 14:11

ДУШАНБЕ, 19.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 128 хоҷагии махсуси истеҳсолкунандаи тухмии зироати кишоварзӣ фаъолият мекунад, ки вазифаи асосии онҳо таъмини хоҷагиҳои ҷамъиятиву инфиродӣ бо тухмии босифат, нигоҳдории навъҳо ва хусусияти биологӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 3 хоҷагӣ, вилояти Суғд- 48 хоҷагӣ, Хатлон — 57 хоҷагӣ ва ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ -20 хоҷагӣ рост меояд. Аз ин шумора 69 хоҷагӣ ба истеҳсоли пахтаи тухмӣ, 20 адад ба тухмии пахта — ғалладона, 1 адад ба пахтаи тухмӣ — сабзавот, 1 адад ба ғалладона –юнучқа, 11 адад ба ғалладона, 17 адад ба картошкаи тухмӣ, 4 адад ба юнучқа ва 5 хоҷагӣ ба истеҳсоли тухмии зироати сабзавотӣ машғул мебошанд. Хоҷагиҳои тухмипарварӣ, ки ба шабакаи хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи тухмии зироати кишоварзӣ дохил гардидаанд, дар ихтиёри худ 42215 гектар замини обӣ доранд.

Яке аз омилҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо тухмии хушсифати зироат мебошад. Аз ҷониби масъулини соҳа ва коршиносон ин масъала бахусус дар замони ҳозира муҳим арзёбӣ мегардад. Бо афзун гаштани хоҷагиҳои тухмипарварӣ то ба ҳол норасоии тухмии хушсифат ҷой дорад ва деҳқонони мамлакат бештар аз тухмиҳои навъи воридотӣ истифода мебаранд.

Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз дошт, ки «тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарини кишоварзӣ дониста мешавад, зеро дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи асосиро маҳз тухмии хушсифат ишғол мекунад. Тухмии зироати кишоварзӣ бояд дар дохили мамлакат коркард, минтақабоб ва ба навъҳо ҷудо гардида, сипас барои истеҳсол намудан ба марди деҳқон пешниҳод гардад».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, «имрӯз истеҳсолкунандагони мо майл ба тухмии воридотӣ доранд. Зеро ҳадафи онҳо гирифтани ҳосили фаровон аст. Аз ин рӯ тухмипарварони моро зарур аст, ки тухмие истеҳсол намоянд, ки ба стандартҳои кишт мувофиқ бошад. Барои истеҳсоли тухмии босифати маҳаллӣ бояд ба фаъолияти хоҷагии тухмипарварӣ диққати махсус равона гардад. Зеро майдони тухмипарварӣ сарфи хароҷоти зиёдеро аз майдони истеҳсолӣ талаб мекунад. Дар сурати пурра амалӣ намудани тамоми талаботи моддию техникӣ хоҷагиҳои тухмипарварӣ метавонанд тухмии босифат пешниҳод намоянд».

Ба иттилои Вазорати кишварзии Тоҷикистон, бо мақсади рушди соҳаи тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ, афзун намудани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ, рушд додани соҳаи кишоварзии сердаромад, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳоти ҷумҳурӣ ва ноил гардидан ба ҳадафи стратегӣ — амнияти озуқавории мамлакат «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид. Вазорат барои амалишавии ин барнома тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки барои такмил додани низомҳои санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ бо қарори Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба минтақабобкунии навъҳои растанӣ имсол 10 навъи ҳосилнокиашон баланду ояндадор ва ба тағйирёбии иқлим устувор, аз ҷумла 2 навъи пахтаи миёнанахи гурӯҳи пешпази «Данғара-30» ва «Қубодиён-30», 2 навъи пахтаи миёнанахи гурӯҳи миёнапази «Чжунтай-1Й» ва «Чжунтай-2», 1 навъи гандуми «Султон-3», 1 навъи нахӯди «Баҳор», 1 навъи мушунги «Ҳисории пешпазак», 1 навъи офтобпарасти «Самаранок-40», 1 навъи ҷуворимаккаи «Басирӣ» ва 1 навъи батати «Шоҳин» минтақабоб карда шудаанд.

Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки «ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ бояд якчанд имтиёз дода шавад, чунки тухмипарварӣ на танҳо ба таъмини бозори дохилӣ мусоидат мекунад, балки ба содирот низ нигаронида шуда, имконият медиҳад, ки самаранокии соҳа ва даромаднокии истеҳсолот зиёд гардад. То замоне, ки мо аз берун ворид кардани тухмии зироати кишоварзиро танзим намекунем, системаи тухмипарвариро дар дохил ташаккул дода наметавонем. Тухмие, ки ворид мешавад, он як ё се сол хизмат мекунад ва боз шароити вориди тухмии дигар ба миён меояд. Дар ин сурат харҷи маблағҳо зиёд мешавад».

Бояд тазаккур дод, ки тухмии навъҳои хориҷӣ дар асоси тавсияи мутахассисони Вазорати кишоварзӣ ва назорати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба ҷумҳурӣ ворид мегардад.

Коршиноси Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Назрулло Тошалиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «он тухмиҳое, ки аз хориҷи мамлакат ворид мешаванд, аксари он дурага (гибрид)-шуда мебошанд. Инчунин он бемориҳои гуногуне, ки маҳсулоти кишоварзӣ ба он гирифтор мешаванд, аз тухмиҳои беруна ворид мегарданд».

«Марди деҳқон набояд фаромӯш созад, ки тухмии навъҳои маҳаллӣ нисбат ба хориҷӣ бартарӣ дорад. Зеро навъҳои маҳаллӣ вобаста ба шароити минтақа парвариш шуда, минтақабоб ҳастанд ва онҳо ба ҳамон шароит мутобиқанд. Инчунин аз нуқтаи назари генетикӣ ва экологӣ тоза буда, дорои генҳои шаклдигаркардашуда набуда, тавассути онҳо маҳсулоти аз нуқтаи назари экологӣ тоза ва ба саломатии инсон безарар истеҳсол мешавад»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи мусоҳибони мо, барои инкишофи тухмипарварӣ дастгирии Ҳукумати мамлакат эҳсос мегардад, аммо аз ҷониби истеҳсолкунандагон ҳамоно омори фаъолият меафзояду натиҷа нест. Пас барои равнақи ин соҳа ва истеҳсоли тухмиҳои хушсифат бояд ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ таҷҳизот ва техника, нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва дигар дастгирӣ фароҳам карда шавад. Инчунин ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ бо хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва хоҷагидорону фермерон вусъат гирад. Ҳамчунин назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ, назорати фитосанитарӣ, карантин ва рушди селексияи растанӣ, тайёр намудани кадрҳо ва бозомӯзии мутахассисони соҳа бояд ба таъмини амният ва таъсиси фондҳои давлатии тухмӣ равона гардад. Дар ин сурат тухмиҳои баландҳосил истеҳсол гардида, барои фурӯш ба берун аз ҳудуди мамлакат низ содирот мегарданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 19, 2024 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли равон дар Суғд ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст
Ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд дода шуд
Истиқлоли давлатӣ — волотарин дастоварди миллати тоҷик
Вазири энергетика ва захираҳои об: «Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ дар соли равон афзудааст»
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе даъват гардиданд
«ПОМИРИНВЕСТ – 2024». Дар давоми ду соли баргузории ин Форуми байналмилалӣ ба иқтисоди ВМКБ беш аз 2 миллиард сомонӣ сармоя ворид гардид
Имрӯз дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии «Помиринвест -2024» оғоз гардид
Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматнок баррасӣ шуд
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад
Дар Душанбе мулоқоти намояндагони ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон бо соҳибкорони тоҷик баргузор гардид
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар соҳаи энергетика 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ мешавад