Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд ҷалби сармоя ба сохтмони иншооти муҳими стратегиро баррасӣ намуд

Май 6, 2024 12:02

ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи 57-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии Рушд, ки аз 2 то 4 май дар пойтахти Гурҷистон –шаҳри Тифлис баргузор гардид, иштирок намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни он доир ба вазъи кунунии иқтисодиёти ҷаҳон, минтақа ва Тоҷикистон, инчунин самтҳо ва афзалияти минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд маълумот дода шуд.

Дар ҳошияи ҷаласа Ҳоким Холиқзода бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асакава, ноиби Президенти БОР Йингмин Янг, ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Тереза Червинска, директори генералии Бонки Осиёии Рушд доир ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков ва директори иҷроияи БОР Викас Шил мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд, идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ, маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, рушди иқтисоди «сабз» ва ҷалби сармоя барои сохтмони иншооти муҳими стратегии мамлакат баррасӣ гардид.

Ҳайати Тоҷикистон инчунин дар якчанд чорабиние, ки дар доираи ҷаласа доир шуданд, аз ҷумла ҷаласаи 14-уми Хазинаи Рушди Осиё иштирок намуд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2024 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид