Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сеюми байналмилалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд

Май 7, 2024 14:56

ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар Форуми сеюми байналмилалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Дар Форуми байналмилалии  сармоягузории Тошканд намояндагони беш аз 90 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд  дар рушди иқтисодиёт, сармоядорӣ, савдо ва тиҷорат дар байни давлатҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузург, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир нақши муҳим мегузорад.

Дар ҳошияи форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуда, ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидаро дар самти густариш ва тавсияи ҳамкорӣ доир ба кооператсияи саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баррасӣ  намуданд.

Инчунин оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи боғпарварӣ, пиллапарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, гармхонаҳо ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ ибрози назар карда шуд.

Ҳамзамон дар ноҳияи Чирчиқи вилояти Тошканд Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд доир гардид. Дар кори форум раиси вилояти Суғд,  Ҳокими вилояти Тошканд ва соҳибкорону сармоягузорони ҳарду давлат иштирок намуданд.

Дар форум роҳбарони вилоятҳо аз густариши робитаҳо, ки самараи сиёсати пешгирифтаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошанд, изҳори қаноатмандӣ карда, инчунин имконияти сармоягузории ду минтақаро муаррифӣ намуданд.

Ҳамзамон байни вилояти Суғд ва вилояти Тошканд «Харитаи роҳ» ба имзо расид.

Дар бахши энергетика зимни мулоқоти судманд байни  вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Узбекистон тавсеаи ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

 АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Май 7, 2024 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд