Ҷаласаи дуюми Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои муштарак оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир шуд

Май 10, 2024 16:04

ДУШАНБЕ, 10.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 8 май дар Душанбе ҷаласаи дуюми Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои муштарак оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир гардид, ки дар ҷараёни он ҷанбаҳои муҳими интиқоли қувваи корӣ, таъмини эътидоли бозори меҳнат, беҳтар гардидани таъминот бо шуғл мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи раиси Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои муштарак оид ба масъалаҳои муҳоҷират Иматшо Нодирзода, дар баробари дастёбӣ ба масъалаҳои истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа яке аз афзалият дар фаъолияти Ҳукумати Точикистон маҳсуб мешавад. Ӯ иброз дошт, ки яке аз мушкилоти асосие, ки муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони мамлакат, хусусан ҷавонон дар давлати қабулкунандаи муҳоҷирон бо он дучор мегарданд, ин надоштани касбу ихтисоси мутобиқ ба бозори меҳнат ва дар сатҳи зарурӣ надонистани забон ва талаботи қонунгузории кишвари пазиранда мебошад.

Амалисозии стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират, ҷанбаҳои муҳими интиқоли қувваи корӣ, таъмини эътидоли бозори меҳнат, беҳтар гардидани таъминот бо шуғл, инчунин бехатарии муҳоҷирони экологӣ ва ҳамгироии муҳоҷирони дохилӣ аз мавзуъҳое буданд, ки баромадкунандагон оид ба онҳо маъруза намуданд.

Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои тамоюл ва падидаҳо дар соҳаи муҳоҷирати мамлакат, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои қабулкунандаи қувваи корӣ ва бозгашти онҳо ба ватан, таъмини онҳо пас аз бозгашт бо ҷои кор дар ватан мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои огоҳнамоӣ ва иттилоотонии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар маҳалҳо ҳолатҳои манъи гурӯҳи шаҳрвандон санҷида шуда, ҳангоми муайян шудани чунин ҳолатҳо ба онҳо тавсия ба касбомӯзӣ ва ҷойи кор дар дохили мамлакат дода мешавад. Аз ҷумла, соли 2023 ба сохторҳои Хадамоти муҳоҷират вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират 34 ҳазору 504 шаҳрванд муроҷиат карданд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат «Сратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намуд, ки тамоми самтҳои муҳоҷирати дохилию хориҷиро фаро гирифтааст.

Стратегия маҷмуи мақсадҳо, самтҳо ва масъалаҳои афзалиятноки танзими равандҳои муҳоҷиратро дар бар гирифта, шаклу усулҳои амалисозии онҳоро дар асоси таҳлили омилҳои устувор пешбинӣ менамояд. Бо  назардошти омилҳои дохилӣ ва берунӣ он ба муайян намудани мушкилоти мубрами бақайдгирии вазъи муҳоҷират, роҳҳои рушди онҳо ва пешгӯии натиҷаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ равона гардида, таҳия ва амалисозии чорабиниҳои зарурӣ оид ба самтҳои мубрами стратегӣ барои дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлатро пешбинӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи якуми Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои муштарак оид ба масъалаҳои муҳоҷират самтҳои фаъолияти Шуро муайян карда шуданд. Муқаррар карда шуд, ки ба ҳайати Шуро намояндагони ҳамаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти маҳаллӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, маркази захиравии муҳоҷирони меҳнатӣ ворид карда шаванд, то ин ки ҳамаи сохторҳое, ки дар самти танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, танзими равандҳои муҳоҷират, таъмини ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунанд, фаъолияташонро дар ҳамоҳангӣ ба роҳ монанд.

Тавре қаблан хабар додем, 28 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад. Дар кори ҷаласа намояндагон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон, Федератсияи Русия, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба иштирок менамоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 10, 2024 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуд
Дар Женева масъалаи кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил мегардад
Дар Женева ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат баррасӣ гардид
То соли 2028 ба ҳама шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон хотима дода мешавад
Муовини Сарвазир бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминҷунбӣ зарардидаи ноҳияи Рашт шинос шуд