Ҷаласаи онлайнии комиссияи Озмуни байналмилалии тарҷумонҳои ҷавон доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бахшида ба «Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ҷаласаи комиссияи озмунии Озмуни байналмилалии тарҷумонҳои ҷавон (тариқи онлайн) баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ташаббускори озмун Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Парлумони ҷавонони назди Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия оид ба дастгирии Шурои дипломатҳои ҷавон, Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ҳамоҳангсозони ин озмун мебошанд.
Ҳадаф аз гузаронидани Озмуни байналмилалии тарҷумонҳои ҷавони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — рушди малакаҳои эҷодию адабии ҷавонон ва муоширати онҳо бо забони русӣ, тақвияти ҳамкории судманд ва муносибатҳои дӯстона байни ҷавонони Иттиҳод маънидод шудааст.
Дар кори ҷаласаи онлайнии комиссияи озмунӣ муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова ба ҳайси коршинос иштирок намуда, оид ба натиҷаи баҳодиҳӣ ба корҳои эҷодии иштирокчиёни озмун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Мояи ифтихор аст, ки тарҷумонҳои ҷавон аз ҷумҳурии мо дар номинатсияи тарҷумаи осори насрӣ аз русӣ ба тоҷикӣ (Додоҷонова Баҳринисо), осори назмӣ аз тоҷикӣ ба русӣ (Абдуллоева Аниса Фирдавсовна) ва тарҷумаи озод (назм) аз тоҷикӣ ба русӣ (Раҳматуллоева Суман) сазовори ҷойи 1-ум гардиданд.
Коршиносон аз дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷамъбасти озмун сухан гуфта, барои такмили Низомномаи озмун ва минбаъд низ гузаронидани чунин озмунҳо дар байни ҷавонон таклифҳои муфид пешниҳод карданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд






