АСРОРИ ОИЛАДОРИИ СУҒДИЁН. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила

Май 15, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Мутаҳид аз соли 1994 то инҷониб ҳар сол 15 май дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мешавад. Сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавси Абдулҳамид дар робита ба ин мавзуъ оид ба асрори оиладории Суғдиён маводи ҷолиб пешниҳод намудааст.

— Мавзуи оила ва оиладорӣ дар баъзе намунаҳои мероси таърихию фарҳангии тоҷикон инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, бозёфтҳои ёдгориҳои муҳими таърихӣ аз қалъаи Муғ муносибатҳои оиладории Суғдиёнро дар асри VIII  инъикос кардаанд. Бояд гуфт, таърихи бозёфтҳои қалъаи Муғ ҷолиби диққат мебошад. Мардуми деҳаи Хайрободи ноҳияи Айнӣ аз давраҳои пеш маконеро медонистанд, ки онро қалъаи Муғ мегуфтанд ва он дар адабиёти илмӣ ба шакли қалъаи кӯҳи Муғ маълум аст. Баҳори соли 1932 чӯпоне бо номи Ҷураалӣ Маҳмадалӣ аз  аҳли деҳаи Хайробод, тасодуфан як сабати аз химча бофташударо меёбад, ки дар дохилаш ҳуҷҷатҳо бо хатти нофаҳмо мавҷуд буданд.  Аз ин бозёфт котиби камитети ноҳиявӣ Абдулҳамид Пӯлодӣ огоҳ шуда, моҳи феврали соли 1933 бозёфтҳои катибадорро ба Душанбе меорад ва худи ҳамон сол расми ин ҳуҷҷатҳо ба хатшиноси номии Шӯравӣ Фрейман А. А. ба шаҳри Ленинград (Санкт–Петербург) фиристода мешаванд. Дар натиҷа муайян карда мешавад, ки хат бо ҳуруфот ва забони суғдӣ навишта шудааст. Бозёфти катибаҳои суғдӣ аз хоки Суғд таваҷҷуҳи олимонро ҷалб мекунад ва соли 1933 бо роҳбарии Фрейман А. А. кофтуковҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди қалъа оғоз меёбанд. Дар натиҷаи ҳафриёт муайян гардид, ки қалъа мансуби асрҳои VI-VIII  буда, аз ду ошёна иборат аст. Фақат харобаҳои бинои якум қисман боқӣ мондаанду халос. Инчунин ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ ашёи маданияти моддӣ ёфт гардид, ки шумораи онҳо 400 ададро ташкил медиҳад. Намунаи бозёфтҳои кӯҳи Муғ, аз  ҷумла сабади аз химча бофташуда дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ ҳоло дар намоиш мебошад. Шумораи ҳуҷҷатҳои ёфтшуда  80 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 74- тоаш бо хати суғдӣ, 1 адад бо хати арабӣ, 5 адад бо хати хитоӣ навишта шуда буданд.  Аз лиҳози масолеҳ ҳуҷатҳо ба 3  гурӯҳ ҷудо мешуданд.  32 ҳуҷҷат дар рӯйи пӯст (чарм) навишта шуда буд,  25 ҳуҷҷат дар қоғази хитоӣ ва 23 ҳуҷҷат дар пӯсти дарахт навишта шуда буданд. Бештари  ҳуҷҷатҳоро мактубҳо ташкил медоданд. Таҳқиқи ҳуҷҷатҳо, хусусан пайдо гардидани архиви Деваштич бори дигар давраи мавҷудияти қалъаро дақиқан муайян сохт.

Дар байни ҳуҷҷатҳои қалъаи Муғ хати ақди никоҳ пайдо мешавад, ки мазмуни он хеле ҷолиб  аст. Он аҳднома дар чарм навишта шуда, ҳаҷми он ба андозаи  11,5 – 13,5/5 баробар мебошад. Ҳуҷҷат дар  шакли санади ҳуқуқӣ навишта шуда, дар он уҳдадориҳои асосии издивоҷкунандагон нисбат ба якдигар сабт шудаанд. Инчунин созишнома дар сатҳи хеле хуб масъалагузорӣ шуда, дар он сана, макон, нишонаҳои тарафайн, ашё ва шартҳои додугирифт, шоҳидон дарҷ ёфтаанд. Ақди никоҳ дар таърихи 25 марти соли 710 баста шудааст.

Мазмуни аҳдномаи ақди никоҳ чунин аст: «Соли 10-уми шоҳ Тархун,  моҳи масвогиҷ, рӯзи асмонруҷ. Ба худ (худии худ) Ут-такин мулаққаб ба Нидан аз шоҳи Навекат Чир, фарзанди Вахзонак бонуеро ба занӣ гирифт, ки Дуғдғунча буда, лақабаш Чата аст, духтари Вайсу. Ва худи Чир ин бонуи таҳти васоятбударо… аз рӯи қонун ва бо шароити зайл дод: Бигзор Ут-такин ин Чатаро ба сифати ҳамсар маҳбубу муҳтарам дошта бошад, ба ӯ хӯроку пӯшок, асбоби ороишӣ бидиҳад, бо эҳтиром ва бо муҳаббат дар хонаи худ ба сифати ҳамсари комилҳуқуқ нигаҳдорӣ намояд, ҳамон навъе, ки як марди шариф як зани шарифаро завҷаи худ мекунад. Ва Чата низ Ут-такинро ҳамчун шавҳар маҳбубу муҳтарам бидорад ва бояд боиси осоиш ва саодати ӯ бошад. Амрҳои ӯро завҷааш бигзор ба ҳукми қонун пиндорад, ҳамон навъе, ки зани шарифаро марди шариф шавҳар бошад. Ва минбаъд агар Ут-такин бе иҷозати Чата зани дигар ё канизак ва ё ба ин монанд хонуми дигаре(ро) бигирад, ки ба Чата мақбул набошад, пас Ут-такин шавҳар ба завҷааш Чата ба худи ӯ маблағи сӣ (30) дирҳам динори солиму холис қарздор мешавад ва мепардозад. Ва баъд аз он як чунин занро на ба ҳайси завҷа ва на ба сифати канизак бигзор напазирад ва ӯро аз наздаш биронад.

Ва минбаъд агар Ут-такин тасмим бигирад, ки Чатаро ҳамчун завҷа надошта бошад, дар он сурат бигзор ӯро бо хӯроку амволи гирифташуда ва маблағи дарёфтааш бе ҳеҷ гуна уҳдадории дигар озод намояд. Ва ӯро аз тарафи завҷа ҳеҷ гуна уҳдадориҳо нахоҳад буд, ӯ ба пардохти ҳеҷ чизи дигар уҳдадорӣ намегирад. Сипас ӯ метавонад ба ҳамон зане издивоҷ намояд, ки мақбули ӯст.

Ва ҳамчунин агар Чата тасмим бигирад, ки дигар ҳамсари Ут-такин набошад, бигзор ӯро тарк намояд. Дар он сурат бигзор ӯ пӯшоки қобили истифода, ороишот ва ҳамон лавозимотеро, ки аз Ут-такин гирифтааст, ба шавҳараш  гузорад. Ва аммо амволи хусусии якҷоя бадастомадаро бо худ бибарад ва ӯро аз ҷониби шавҳар ҳеҷ уҳдадорие нахоҳад буд ва дигар вазифадори  ҳеҷ  гуна пардохте нахоҳад буд. Ва бад аз он ҳақ дорад бо ҳар марде, ки дилаш хоҳад издивоҷ намояд.

Ва агар Ут-такин ҷиноят (ва ё рафтори зишт) содир кунад, бигзор худи ӯ ҷавоб гӯяд ва худаш бипардозад. Ва агар ӯ ба сифати каниз ва ё ғулом қарздор (гаравгон) ва ё асир ва ё зери парастории касе ба даст афтад, дар он сурат Чата ҳамроҳи авлодаш бе ҳеҷ гуна қайду шарт бояд озод гардад. Ва бад-ин тартиб яке масъул ва қарздори ҷинояти дигаре нахоҳад буд».

Ҳамин созишномаи ақди никоҳ дар «Маҳали қонунҳо» дар ҳузури Вахғукон, фарзанди Вархуман ба тасвиб расид. Ва шахсони зерин ҳозир буданд: Скотач фарзанди Шишча, Чахрон фарзанди Рамча, Шов фарзанди Мохак. Ва навишт Ромтиш фарзанди Вғашфарн.

Ба аҳдномаи ақди никоҳ созишномае замима шудааст, ки он ҳам дар чарм навишта шуда, ҳаҷми он баробар аст ба андозаи 11,5 – 13,5/5 ва ду қисмат навиштаҷот дорад.  Дар қисми пеши он 22 сатр навиштаҷот, дар паси он – 16 ва 2 сатри дигар навиштаҷоте,  ки гувоҳи ба арӯс мансуб будани ин ҳуҷҷатро ифода мекунад. Ҳамчунин як рахи чармин, ки барои бастани нақши муҳр дар лой истифода мешуд, ёфт шудааст. Дар он уҳдадориҳои асосии шавҳаршаванда нисбат ба васиҳои арӯс сабт шудаанд, яъне он замима ба аҳдномаи ақди никоҳ  аст. Замимаи созишномаи ақди никоҳ низ дар таърихи 25 марти соли 710 баста шудааст ва ҳар ду қисми он уҳдадориҳои шавҳаршавандаро нишон медиҳад. Мазмуни он чунин аст:

«Соли 10-уми шоҳ Тархун,  моҳи масвогиҷ, рӯзи асмонрӯҷ. Аз Ут-тегин бо лақаби Нидан, писари Кишик, ба ҳокими Навекат Чир, писари Вахзонак ва фарзанду авлоди ӯ.  Ва ҷаноб, ман аз ту Дуғдғунча бо лақаби Чата, духтари Вайусро ба занӣ гирифтам. Ва баъд ба ту, Чир ман чунин ваъда ва арз медиҳам: аз ҳамин рӯз ва ҳамеша Чата ҳамсари ман мемонад. Ва, ҷаноб, дар ҳузури Шумо ва дар назди Худованд Митра (уҳдадор мешавам): Ман (ӯро) намефурӯшам, намедиҳам, ба гарав намесупорам, ӯро беҳуқуқ  намекунам. Ва инчунин агар касе аз ҷониби ман ё аз берун ӯро таҳқир кунад (шаъну эътибори ӯро поймол кунад), пас ман дарҳол (ҳамон замон) ба ӯ зарар нарасонда бозпас мефиристам. Ва инчунин агар Чата барои бо ман мондан розӣ набошад ё ин ки агар ман ӯро монам, ман Чатаро ба ту, Чир ва ба қавми ту бе зарар месупорам. Ва агар ман ӯро насупорам ё аз ман ба вай зараре расад, ман вазифадор мешавам,  ки ба ту 100 драхм динор бо сифати баланд ва омехтанашуда месупорам. Ва то насупорам онҳоро ҳамчун қарз нигоҳ медорам ва ба ҳар як 10 драхма 2 драхма фоиз мебандам. Ва Ут-тегин бо Чир, фарзандону оилааш ва кафилии Нивудак писари Вурз аҳд намуд. Ва Чир бо авлоди хеш аз касе хоҳад (Ут-тегин ё Нивудак), метавонад он занро бенуқсон ё ин ки он пулҳоро талаб намояд. Ва ин ҳуҷҷат ба ҳамаи мардум, ҳам сокинони доимӣ ва ҳам меҳмонон (мутааллиқ) аст. Ва ин дар ҳузури Вахғукон фарзанди Вархуман дар «Макони қонуну қавоид» анҷом дода шуд. Ва дар он ҷо ҳузур доштанд: Скотач фарзанди Шишча, Чакушак фарзанди Нанча, Чахрон фарзанди Рамча. Ва бо амри Ут-тегин аз ҷониби Ромтиш фарзанди Вғашфарн навишта шуд. Бо ҳамин анҷом ёфт (тамом шуд). Нусхаи Чата».

Чуноне, ки аз ақди никоҳ бармеояд, танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои баробарии ҳуқуқи  зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохили оилавӣ дар асоси мувофиқа ва уҳдадориҳои тарафайн амалӣ шудааст. Тавре ки мебинем, мард бе иҷозати ҳамсараш ҳуқуқи зани дигар гирифтан надошт. Агар мард бе розигии ҳамсари худ зани дигаре мегирифт ва он зан ба ҳамсари ӯ мақбул набуд, пас ӯ ҳуқуқи бо он зан зиндагӣ кардан надошт ва барои ҷуброн намудани гуноҳи худ ба маблағи 30 дирҳам динори холис аз ҳамсари худ қарздор мешуд. Ё ин ки зан дар қатори мард низ ҳуқуқ дошт, ки ташаббускори ҷудошавӣ бошад. Дар ин сурат ӯ ҳамаи он лавозимоте, ки аз шавҳараш гирифтааст, гузошта, амволи якҷоя бадастомадаро бо худ мебурд. Яъне дар созишнома уҳдадориҳои асосии издивоҷкунандагон нисбат ба якдигар дар асоси принсипҳои баробарӣ  сабт шудааст.

Дар ҳуҷҷати  замимагашта ба  ақди никоҳ иловатан уҳдадориҳои шавҳаршаванда нисбат ба арӯс дар назди падари арӯс  сабт гаштааст. Шавҳар  уҳдадориҳои худро барои нафурӯхтан, ба ғуломӣ надодани зан иброз мекунад. Яъне дар созишнома зиёдтар ҳуқуқҳои зан мавриди пуштибонӣ қарор гирифтааст. Аз лиҳози ҳуқуқӣ  созишнома дар сатҳи хеле баланд масъалагузорӣ шуда, дар он сана, макон, нишонаҳои тарафайн, ашё ва шартҳои додугирифт, шоҳидон дарҷ ёфтаанд.

Албатта, барои омӯхтани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсию мадании ҳаёти инсоният  ҳуҷҷатгузорӣ мақоми махсус дорад, зеро ҳуҷҷат санади муҳими таърихӣ ҳисоб меёбад. Кашфи ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ, ки бозёфти бемисли даврон ҳисоб мешуд, роҷеъ ба маданияти моддию маънавии ниёгони мо, суғдиён бори аввал маълумоти муфассал доданд.  Хусусан,  хондани дастхати ақди никоҳ, ки ҷузъиёти пурраи он дар бораи хусусияти маданияти оиладорӣ, ҳуқуқҳои издивоҷкунандагон маълумот медиҳад, санади хеле муҳими таърихӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Зеро он бори дигар исбот кард, ки ниёгони мо ба муносибатҳои оиладорӣ диққати ҷиддӣ дода, танзими оиларо зарурати муҳими ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа медонистанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид