Ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар ҷанги солҳои 1941-1945 аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар иштирокчӣ ва маъюби ҷанг ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ кумакпулии яквақта ҷудо карда шуд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе низ муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои қадршиносии корнамоии иштирокчиён ва маъюбони ҷанги солҳои 1941-1945 аз пойтахт ба ҳар кадом 10 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Дар асоси дастуру супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ ба иштирокчиён ва маъюбон кумакҳои моддию молиявӣ мерасонанд.
Кумаки яквақтаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанг дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби намояндагони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда мешавад.
АКС аз бойгонӣ








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






