БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Хуҷанд ҷавонони зиёд ба роҳпаймоӣ баромаданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд роҳпаймоии ҷавонон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ҳазорон нафар ҷавонони саодатманди диёр аз назди Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Истиқлол» то назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки макони баргузории чорабинӣ интихоб шуда буд, роҳпаймоӣ намуданд.
Воқеан ҳам дар замони соҳибистиқлолии мамлакат зери роҳбариву пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон ҳамчун насли шоистаи замон ва неруи созандаву тавоно таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Зеро ҷавонон ҳамчун неруи созандаи мамлакат, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон мавқеи муҳим мегузоранд.
Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани силсиласанадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, стратегияву барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, квота ва ҷоизаҳои президентӣ барои ҷавонон, амалӣ намудани иқдоми шоиста дар самти дастгирии ҳамешагии ташаббусҳои неку наҷиби ҷавонони соҳибистеъдод ва амсоли инҳо далели ин аст.
Маҳз иродату садоқат ва кӯшишу талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иқдоми шоистаи ҷавонон ва беҳтарин ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони тоҷик дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муваффақона ва сарбаландона фаъолият доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






