Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия Шартнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо муовини Прокурори генералии Малайзия (солиситори II) хонум Дато Сузана бинти Атан баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Прокурори генералии Малайзия (солиситори II) хонум Дато Сузана бинти Атан, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти ҷиноии фаромиллӣ, ки барои тамоми инсоният хатари зиёд доранд, муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва пешгирии ҳама гуна ҷиноятҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия Шартнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад






