«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин тарғибгари либоси миллӣ -2024» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Нахуст аз ҷониби гулдухтарони факултети технология ва дизайн намоиши либосҳои миллӣ, ки хеле диққатҷалбкунанда буд, манзури аҳли толор гардонида шуд.
Бояд гуфт, ки зери мусиқии дилнишин ва видеоролике, ки либоси миллии бабаркардаи ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳро иникос мекард, ҳам дар саҳна бо либосҳои миллии гуногун ҷилвагар шудани гулдухтарони донишгоҳ ва суруду таронаҳои дилнишини аъзои ансамбли «Зуҳал»-и донишгоҳ ба барномаи фарҳангию фароғатӣ шукуҳу шаҳомати бештар бахшид.
Роҳбарияти донишгоҳ натиҷаи озмунро, ки аз ҷониби ҳакамони салоҳиятнок воқеъбинона баҳогузорӣ шуда буд, ба самъи ҳозирин расонид. Ҷойи якум насиби донишҷӯёни факултети технология ва дизайн шуда, ҷойи дуюм ба факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ, ҷойи сеюм ба донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва молия дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни «Беҳтарин тарғибгари либоси миллӣ» дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тарғибу ҳифзи либоси миллӣ ва роҳ надодан ба бегонапарастӣ эълон гардида буд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






