«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд

Май 2, 2024 09:58

ДУШАНБЕ, 02.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин тарғибгари либоси миллӣ -2024» баргузор шуд. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Нахуст аз ҷониби гулдухтарони факултети технология ва дизайн намоиши либосҳои миллӣ, ки хеле диққатҷалбкунанда буд, манзури аҳли толор гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки зери мусиқии дилнишин ва видеоролике, ки либоси миллии бабаркардаи ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳро иникос мекард, ҳам дар саҳна бо либосҳои миллии гуногун ҷилвагар шудани гулдухтарони донишгоҳ ва суруду таронаҳои дилнишини аъзои ансамбли «Зуҳал»-и донишгоҳ ба барномаи фарҳангию фароғатӣ шукуҳу шаҳомати бештар бахшид.

Роҳбарияти донишгоҳ натиҷаи озмунро, ки аз ҷониби ҳакамони салоҳиятнок воқеъбинона баҳогузорӣ шуда буд, ба самъи ҳозирин расонид. Ҷойи якум насиби донишҷӯёни факултети технология ва дизайн шуда, ҷойи дуюм ба факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ, ҷойи сеюм ба донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва молия дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Беҳтарин тарғибгари либоси миллӣ» дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тарғибу ҳифзи либоси миллӣ ва роҳ надодан ба бегонапарастӣ эълон  гардида буд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Май 2, 2024 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст