БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар Душанбе маротибаи аввал озмуни «Ахтаракони ҳисобдон» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040»), «Стратегияи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030» Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маротибаи аввал Озмуни шаҳрии «Ахтаракони ҳисобдон»-ро байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар озмун 58 тарбиятгирандаи муассисаҳои томактабӣ- кӯдакони гурӯҳи калон ва гурӯҳи омодагӣ ба муассисаҳои таълимии томактабии (5-7-сола), новобаста аз шакли моликият ва тобеият иштирок намуданд.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани ташаккули малакаҳои фаъолияти маърифатӣ, муқоиса, ҷудо ва хулосабарорӣ намудан, ташаккули тасаввуроти одитарини математикӣ, тартиб додану ҳал намудани масъалаҳои математикӣ, сайқал додани маҳорати ҷамъу тарҳ кардани рақамҳо, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва тафаккури мантиқӣ, дарёфти кӯдакони болаёқату боистеъдод, баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо доир мегардад.
Иштирокчиёни озмун ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
— тарбиягирандагони гурӯҳи калон (5-6 -сола);
— тарбиягирандагони гурӯҳи омодагӣ (6-7-сола).
Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорату малакаи ҳал кардани мисолу масъалаҳои математикӣ ва тафаккури мантиқии кӯдакон бартарӣ дода мешавад.
Озмун асосан бо забони тоҷикӣ доир шуда, ба довталабоне, ки дар гурӯҳҳои таълим бо забони ғайритоҷикӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, имконияти бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) баромад кардан дода мешавад.
Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва мураббиёни онҳо, ҳайати ҳакамон ва дастандаркорони озмун аз ҷониби ташкилкунандагони озмун (муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, шуъбаҳои маориф ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе) ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Ба 15 нафар ғолиби даври сеюми озмун (панҷгонаи аввал, панҷгонаи дуюм ва панҷгонаи сеюм) Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мукофотҳо ва роҳхат барои қабул ба синфи якуми муассисаҳои таълимии типпи нав (литсей ва гимназияҳо) -и аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои пойтахт ва шаҳри Душанбе маблағгузоришаванда дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудаанд. Ин фармон 31 январи соли 2020 ба имзо расида буд.
Моҳи марти соли 2020 Сарвари давлат зимни мулоқот бо олимони мамлакат гуфта буданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин рӯ, мо рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро ба мадди аввал гузоштем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати мамлакат қарор дорад».
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад






