ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО 2024. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд нуҳ паҳлавони тоҷик иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон 2024 муайян гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро нуҳ паҳлавон: Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг, Обид Ҷебов ва Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг муаррифӣ менамоянд.
Хотиррасон мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон 2024 оид ба гӯштини ҷудо аз 19 то 23 май дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад.
АКС: Федератсияи байналмилалии ҷудо








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






