Дар Анқара Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Туркия доир мегардад
ДУШАНБЕ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Анқара дар ҳошияи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия.
Дар форум намояндагони беш аз 200 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ва Туркия, ки дар соҳаҳои саноати маъдан, фармасевтӣ, нассоҷӣ, бахши молияву бонкдорӣ, логистикӣ, кишоварзӣ фаъолият доранд, инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҳарду давлат иштирок менамоянд.
Ҳамзамон дар доираи форум вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия дар қолаби «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) доир гардида, дар ҷараёни он санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






