Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд

Май 16, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13-14 майи соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастовардҳои Тоҷикистонро дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ба ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид манзур намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҳошияи чорабинӣ ҳайати Тоҷикистон бо ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон хонум Илзе Брандс Кэрис, мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер ва мудири иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид хонум Кэтрин Рассел вохӯрӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ бо ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон хонум Илзе Брандс Кэрис дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 муаррифӣ гардид.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалияш дар соҳаи ҳуқуқи инсон аҳаммияти хосса медиҳад ва барои амалигардонии сиёсат ва механизмҳои муассир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мутобиқ гардонидани қонунгузории мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Хонум Илзе Брандс Кэрис қабул гардидани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсонро дастоварди муҳимми Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон арзёбӣ намуда, барои тасдиқ (ратификатсия)-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, Протоколи факултативии дуюм оид ба Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Протоколи факултативӣ оид ба Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва Протоколи факултативии сеюм оид ба Конвенсия дар бораи ҳукуқи кӯдак тавсияҳо пешниҳод намуд.

Зимни вохӯрӣ бо мудири Барномаи рушди СММ Ахим Штайнер масъалаи татбиқи барномаҳои муштараки Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид муҳокима шуд. Таъкид гардид, ки Барномаи рушди СММ дар соҳаи таҳкими иқтидор ва захираҳои мамлакат, васеъ намудани имконияти он барои расидан ба ҳадафҳои рушд дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии қабулкардаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар заминаи Ҳадафҳои рушди устувори СММ ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 нақши муҳим дорад.

Ахим Штайнер ҳайати Тоҷикистонро бо ҷашни дарпешистодаи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба кори ҳамасола баргузор кардани Форуми миллӣ оид волоияти қонун дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.

Вобаста ба форуми миллӣ изҳор карда шуд, ки дар воқеъ ин чорабинӣ платформаи намоён барои муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шуда, дар он масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳалли он мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Илова карда шуд, ки соли 2024 форуми мазкур бори даҳум дар ҷумҳурӣ гузаронида шуда, имсол дар назар аст, ки он бо иштироки меҳмонону коршиносони хориҷӣ ба сатҳи байналмилалӣ бардошта шавад.

Дар охир Ахим Штайнер омодагии Барномаи рушди СММ барои дастгирии чорабиниҳо ва иқдоми дигар дар иртибот ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024-умро иброз намуд.

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ бо мудири иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид хонум Кэтрин Рассел масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон байни Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ баррасӣ гардид. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Тоҷикистон барои амалигардонии принсипи «манфиатҳои беҳтарини кӯдак» дар қонунгузории миллӣ якчанд тағйиру иловаҳо ворид намуд. Тибқи онҳо дар мамлакат тамоми шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон манъ шуда, ҳамаи муассисаҳои давлатӣ ва мансабдорони давлатӣ ҳангоми қабули қарорҳое, ки ба кӯдакон дахл доранд, манфиатҳои беҳтарини кӯдакро бояд ба назар гиранд.

Хонум Кэтрин Рассел изҳори қаноатмандӣ намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ ва дар асоси Барномаи барқарорсозӣ ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиёти ҷангӣ баргардонида барои солҳои 2023-2027 кормандони соҳаи иҷтимоӣ бо занону кӯдакони аз минтақаи амалиёти ҷангӣ баргардонида баҳри барқарорсозии ҷисмонӣ, руҳӣ, ба таҳсил ва ҷойи кори доимӣ фаро гирифтан ва ба ҳаёти солим ва ҷамъият баргардонидани онҳо корҳои заруриро анҷом медиҳанд.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 16, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд