Дар Бадахшон Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс байни наврасони солҳои 2008-2009 оғоз ёфт

Май 17, 2024 12:08

ДУШАНБЕ, 17.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс байни наврасони солҳои 2008-2009 оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Раиси вилоят иброз дошт, ки дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаю варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои варзишгарон ва насли наврас тамоми шароит фароҳам гардида, соҳаи варзиш зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат қарор дорад. Ин аст, ки чунин чорабиниҳои бошукуҳ дар ҷумҳурӣ, бахусус дар Бадахшон сол то сол зиёд мегарданд.

Маҳз дастгирии Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат аст, ки варзишгарони тоҷик дар арсаи ҷаҳон Парчами Тоҷикистонро парафшон намуда, давлату миллатро муаррифӣ менамоянд.

Изҳор гардид, ки мусобиқа дар асоси нақшаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 май идома ёфта, дар он зиёда аз 100 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Май 17, 2024 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад