Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаи илму маориф беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Чунин таъкид гардид дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид.
Сарвари давлат афзуданд, ки «мо дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, бо ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем».
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятро муҳайё намудааст.
Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки «рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Бо назардошти аҳамияти ин масъала мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд».
Ба андешаи Президенти мамлакат, имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир ба пешрафту тараққиёти баланд ноил мегарданд. Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо менамояд. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад. Мисол мегирем, телефони мобилӣ, интернет, мошинҳои барқӣ ё ваксинаҳое, ки ҷони миллионҳо нафарро аз марг наҷот доданд».
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажуҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотӣ таъсис дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид






