Дар доираи «Kazanforum 2024» байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тотористон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum» байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Ёддошти тафоҳум оид ба хамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ёддошти тафоҳумро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тотористон Фарит Ханифов имзо намуданд.
Ҳадафи санад рушд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд, дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва мусоидат ба ҷалби коргарони соҳибихтисос ва субъектҳои тарафҳо барои ташкили корхонаҳо дар соҳаи нақлиёт мебошад.
Тоҷикистон ва Тотористон ба тафоҳум омаданд, ки барои ҷалби кормандони соҳибихтисос аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирон шароит муҳайё созанд. Инчунин бо мувофиқа бо тарафи манфиатдор тартиби будубоши шаҳрвандон (ронандаҳо, муҳандисон, назоратчиён ва дигар кормандони ёрирасон)-ро бо кафолатҳои иҷтимоӣ таъмин намоянд.
Дар Ёддошти тафоҳум муайян гардид, ки тарафҳо вобаста ба ҷалби субъектҳо-интиқолдиҳандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили корхонаҳои ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия шароити зарурӣ фароҳам меоранд.
Интизор меравад, ки амалӣ гардидани ин санад барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тотористон садҳо ҷойи кор бо шароити зиндагии мусоид, маоши хуб, дарстрасӣ ба ҳифзи иҷтимоии кормандон ва ғайра фароҳам оварда, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонии мусофирбарӣ ба сокинони шаҳрҳои ҷанубу шарқии Тотористон – Бугулма ва Лениногорск мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






