Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» дар соли 2024 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии даъвати 23-юми озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» дар соли 2024 байни донишҷӯёни бахши забони чинӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Изҳор гардид, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо, хусусан дар самти забономӯзӣ рушд меёбад.
Гуфта шуд, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва ҳамаи ин аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегирад. Агар мо ба таърихи муосири ин муносибот назар афканем, мебинем, ки онҳо аз ибтидо ба масири рушди рӯзафзун ворид гардида, имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки имрӯзҳо дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти миёнаи Тоҷикистон синфхонаҳои забони чинӣ кушода шудаанд, ки аксарияти ин хонандагон дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллӣ низ ба омӯзиши забони чинӣ машғул мебошанд.



Озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» чорабинии муҳим дар саросари ҷаҳон ба шумор рафта, аз соли 2002 дар Идораи марказии Конфутсий баргузор мегардад. Аз соли 2017 ин озмун диққати миллионҳо ҷавононро дар беш аз 110 давлати дунё ҷалб кардааст. Он барои донишҷӯён ва хонандагон барномаи муҳими омӯзиши забони чинӣ гашта, ҳамчун «озмуни забон», ки пули ҷаҳонии фарҳанг, дӯстӣ ва маърифат мебошад, дар соҳаи ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ бренди машҳур гаштааст.
Таъкид гардид, ки озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» байни донишҷӯён яке аз барномаҳои муҳими пайвасткунандаи муносибатҳои илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шумор меравад.
Дар ҷараёни озмун 8 довталаб қувва озмуда, ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон












Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






