СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои рушди саноати хӯрокворӣ лоиҳаи нав амалӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 13.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026), инчунин дар ин замина баланд бардоштани сатҳи тахассуси устодону донишҷӯён дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷаласаи якуми лоиҳаи Барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо «OFINU – Донишгоҳи кушоди инноватсияҳо дар озуқаворӣ» дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар доданд.
Меҳмонони ҷаласа аз Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияҳои Латвия (LBTU), Донишгоҳи аграрии Словакия дар шаҳри Нитра, Донишкадаи кишоварзӣ ва агротехнологияи Андиҷон, Донишкадаи агроинноватсия ва таҳқиқоти шаҳри Самарқанд, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара буданд.
Тавзеҳ дода шуд, ки имрӯз дар донишгоҳ зиёда аз 400 устоди соҳибтахассус фаъолият дошта, дар 8 факултет ва 20 кафедра мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат аз рӯйи 43 ихтисос дар зинаи бакалавр, 36 ихтисос дар зинаи магистратура ва 8 самти илмии докторантура аз рўи ихтисоси PhD мутахассис тайёр мекунад. Иброз гардид, ки барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар донишгоҳ Шурои диссертатсионӣ оид ба ду самти техникӣ (саноати хӯрокворӣ ва сабук) амал менамояд.
Ҳамоҳангсози лоиҳа Ирина Кулитане аз Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияҳои Латвия (LBTU) иброз намуд, ки ҳадафи лоиҳа – таҳия ва татбиқи шакли нави таълим дар донишгоҳҳои аъзои консорсиум аз Осиёи Марказӣ мебошад. Раванди омӯзиш дар он ба шакли модулӣ амалӣ мешавад, ки якҷоя бо донишҷӯён ва таълимгирандагони берунӣ – шахсонеро, ки мақсади гирифтани донишҳои касбиро оид ба коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ва ё таҳсилоти олӣ доранд, фаро мегирад.
Амалишавии ин лоиҳа ба донишгоҳҳои ҳамшарик аз Осиёи Марказӣ имконияти нави амалӣ ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнатро дар самти саноати хӯрокворӣ фароҳам меоварад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст






