Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боз ҳам рушд бахшидани соҳаи саноат, саҳми корхонаи муштараки «Зарафшон» дар маҷмуи маҳсулоти саноатии шаҳри Панҷакент ва ҳадафҳои неки он сухан гуфта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Иброз гардид, ки дар асоси супоришҳои Сарвари давлат ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Фаъолияти босамари корхонаҳои азими саноатӣ, ба монанди корхонаи муштараки «Зарафшон» ба амалӣ гардидани нақшаҳои созанда мусоидат мекунад.
Давоми 8 моҳи сол дар корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6 миллиарду 211,1 миллион расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1 миллиарду 689,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Нишондиҳандаҳои асосии корхона давоми 11 соли охир нишон медиҳад, ки дар ин давра дар баробари афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот шумораи кормандон ва музди маоши онҳо низ зиёд гардидааст.
Корхона уҳдадориҳои худро дар самти рушд бахшидани соҳаи саноат таъмин намуда, тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар ободии шаҳри Панҷакент саҳми бештар гузорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд






