Дар Душанбе масъалаи омодагӣ ба Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд

Май 16, 2024 08:58

ДУШАНБЕ, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию сармоягузорӣ, хусусан омодагӣ ба Форуми навбатии сармоягузории Тоҷикистон ва Покистон аз масъалаҳое буданд, ки дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар қарор дошт.

Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҳамзамон фаъолияти ширкатҳои покистонӣ дар Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, саноат, даъвати ширкатҳои покистонӣ ба Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, имконият ва имтиёзҳои сармоягузории Тоҷикистон муҳокима гардиданд.

Ҳамзамон мусоҳибон татбиқи тарҳи минтақавии «CASA -1000»-ро  дар самти рушди ҳамкории ояндаи энергетикӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои гуногун таъкид намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 16, 2024 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд